Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон дар пайи тафтиши радиатсияи корхонаи арзизи Тоҷикистон


Тошканд Порламони Узбакистон мехоҳад сатҳи радиатсия ё ташаъшуъ ва таъсири он дар вилояти Сурхондарёро тафтиш кунад. Ин вилоят бо Тоҷикистон ҳаммарз ва ба корхонаи арзизи он наздик мебошад.

Як ҳайати вижаи Маҷлиси Олии Узбекистон вазъи экологии ноҳияҳои Узун, Сариосиё ва Деҳнави вилояти Сурхондарёро тафтиш хоҳад кард. Ҷиноҳи порлмонии Ҳизби Халқй-Демократии Узбакистон ин масъаларо барои баррасӣ ба порламон пешниҳод кард. Вилояти Сурхондарё бо Тоҷикистон ҳаммарз ва ба корхонаи арзизи Точикистон наздик мебошад. Ба ин далел, намояндагони ин ҳизб дар порламон гуфтаанд, сатҳи радиатсия ё ташаъшуъ дар вилояти Сурхондарё боло рафтааст. Аслиддин Рустамов-раиси чиноҳи Ҳизби Халқй-Демократй дар Палатаи Қонунбарои Мачлиси Олии Узбекистон пиромуни ин мавзуъ ба бахши точикии радиои Озодй гуфт, корхонаи арзизи точик аз солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ба саломатии сокинони ноҳияҳои ҳаммарз бо Точикистони таъсири манфй расондааст. Вай афзуд, ки вазъи экологӣ дар ин ноҳияҳо ба душвории чиддй ру ба ру шудааст. Ба гуфтаи Аслиддин Рустамов, васоити ахбори умум дар мавриди тавсаъаи фаъолияти корхонаи арзизи точик маводи зиёд ба табъ расонидаанд ва мутолиаи ин мавод намояндагони мардумиро водор кардааст, ки пиромуни ин масъалаи баҳсангез назари хешро баён кунанд. Оқои Рустамов мегуяд, баъди тавсаъаи фаъолияти корхонаи арзизи точик вазъияти экологй дар вилояти Сурхондарё беш аз пеш ба душворӣ ру ба ру шудааст. Вай гуфт, Палатаи Қонунбарори Мачлиси Олй қарореро ба тасвиб расонд ва ҳайатеро аз намояндагони мардумии вилояти Сурхондарё, олимон, экологҳо, пизишкон ва кишоварзон ташкил дод, то ба вазъи экологӣ дар ин минтақа расидагӣ кунанд. Бино ба гуфтаи Аслиддин Рустамов, ба далели он ки чунин мушкилоти экологй вучуд дорад, масъалаи афзоиши сатҳи ташаъшуъ дар вилояти Сурхондарё баъд аз хатми кори ин ҳайат дар парлумон мавриди баррасй қарор хоҳад гирифт. Вале раиси чинои Ҳизби Халқй-Демократй таъкид кард, ки ҳар гуна масъалаи баҳсангез танҳо аз роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл хоҳад шуд. Гуфта шуд, фақат баъди ин пешниҳод Мачлиси Олй тасмими худро эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG