Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии мизбонон бар меҳмонон


«Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар «Данғара»-и Данғара бо натиҷаи 2 бар 0, «Регар» ТадАЗ - и Турсунзода бар «Саройкамар» - и Панҷ бо натиҷаи 3 бар 0, «Парвоз» - и Бобоҷон Ғафуров бар «Хуҷанд» - и Хуҷанд бо натиҷаи 3 бар 1 ва ХИМА - и Душанбе бар СSKA - и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карданд.

Вале бозии «Равшан» - и Кӯлоб бо СКА «Помир» - и Душанбе доир нашуд. Бино ба иттилои Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз муҳокимаи дастаи «Равшан» бинобар напардохтани аъзоҳаққӣ ва маблағи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи федератсия натиҷаи ин дидор 3 бар 0 ба нафъи СКА «Помир эълом шуд. Ва дар сурати напардохтани маблағ то бозии навбатии худ, афзуд ҷаноби Муҳамадҷонов, "Равшан" аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум мешавад.

Ва аммо натоиҷи бозиҳои даври сипаришуда ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид накард. «Вахш» бо 34 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ бо 32 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад.

Дар панҷ даври боқимондаи мусобиқот мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон байни ин ду дастаи пешсаф шиддат мегирад. Тими «Парвоз», ки бо 24 имтиёз дар зинаи севвум қарор дорад, муддаии аслии медали биринҷии мусобиқот мебошад.

Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари «Вахш» мисли пешин бо нӯҳ голи задааш дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал аст.

Даври чордаҳуми мусобиқот рӯзи якшанбеи 9 октябр баргузор хоҳад шуд. Қабл аз бозиҳои ин давр рӯзи чоршанбеи 5 октябр бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2005 миёни дастаҳои «Вахш» - и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ - и Турсунзода дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мешавад.

Ва як хабари дигар ин аст, ки мусобиқаи дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти ҷоиза ба хотираи Султон Мирзоев, мураббии варзида ва собиқ ҳамлагари дастаҳои маъруфи «Помир» - и Душанбе ва «Пахтакор» - и Қӯрғонтеппа рӯзи душанбеи 3 октябр дар варзишгоҳи «Спартак» - и пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд. Тоҷиддин Тағоев, сардовари ин мусобиқа ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар мусобиқаи имсола ҳашт дастаи наврасон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ширкат доранд. Мусобиқа дар ду гурӯҳ сурат гирифтааст, ки баъдан чаҳор тими беҳтарин ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳ меёбанд. »

Мусобиқаи футболбозони навраси тоҷик дар зодрӯзи шодравон Султон Мирзоев - 7 октябр натиҷагирӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG