Пайвандҳои дастрасӣ

Садумин манзили бунёди «Habitat for Humanity» барои эҳтиёҷмандони Суғд


Хуҷанд. Калиди манзили сеҳуҷра аз ҷониби масъулини бунёди хайрияи амрикоии «Habitat for humanity» дар вилояти Суғд бо баргузории як маросими бурёкӯбони тантанавӣ ба дасти соҳиби хушбахти он - Фирӯза Ҷалолова, муаллимаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 15, шаҳри Хуҷанд супурда шуд.

Маросими бурёкӯбони садумин манзили нави бунёди «Habitat for Humanity» дар маҳаллаи навбунёди канори шимолу шарқи Хуҷанд, ки сокинонаш ба ифтихори бунёдкунандаи он «Маҳаллаи Ҳебитет» ном мебаранд, сурат гирифт. Соҳиби хушбахти манзили сеҳуҷра Фирӯза Ҷалолова - муаллимаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз шаҳри Хуҷанд, модари се фарзанд мебошад. Хонум Ҷалолова дар манзили нави худ бо Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд:

«Ман бисёр хурсандам, ки соҳиби ин хонаи сеҳуҷра шудам. Дар давоми 16 соли фаъолияти кориам орзуи ягонаи соҳиби сарпаноҳи худ шудан буд ва имрӯз бо кӯмаки созмони «Ҳебитет» орзуям ҷомаи амал пӯшид.»
«- Шароити манзилатон ба шумо писанд омад? »«Шароиташ ҳозиразамон. Бо обу барқу газ таъмин. Замини наздиҳавлигӣ ҳам дорад, ки мебинед ва мехоҳам оянда дар он боғ созам.»
«- Нархи манзилатон чанд аст ?»
«Ин хонаи сеҳуҷраи мо 5 ҳазор арзиш дорад, аммо «Ҳебитет» онро ба тариқи эътибор (кредит) дар ихтиёри мо гузоштааст ва мо дар давоми 10 соли оянда кам - кам пардохт мекунем.»


Фаъолияти бунёди байналмилалии амрикоии «Habitat for Humanity» ва ё «Манзил барои одамон» дар Тоҷикистон дар соли 1999 оғоз шудааст. Дар тӯли тақрибан 5 сол ин созмон дар Хуҷанду Чкалов ва Қурғонтеппа 100 манзили зист барои сокинони эҳтиёҷманд бунёд кардааст. Муҳаммад Муҳамадҷонов - муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд дар бахши сохтмон зимни суханронӣ дар маросими супурдани калиди манзили садуми бунёди «Ҳебитат» ҳамкории ҳукумати вилоят бо ин бунёди хайриявиро муҳим хонд:

«Аз соли 1993 бунёди манзили давлатӣ дар Хуҷанд амалан қатъ гардид, вале эҳтиёҷ ба он ҳамчунон боқӣ монд ва минбаъд хоҳад афзуд. Дар чунин вазъ мо аз фаъолияти бунёди «Ҳебитат» қаноатманд ҳастем ва дар шахси он мададгори беминнати худро мебинем. Ба ин хотир, чанде қабл анҷоми сохтмони бинои истиқоматии нӯҳошёнаи назди бинои асосии донишгоҳи давлатии Хуҷандро, ки барои устодони ин донишгоҳ пешбинӣ шудааст, ба ин созмон супоридем.»

Дар ин робита, Дон Ҳошин (Don Haszczyn) - ноибраиси бунёди «Манзил барои Одамон» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҷониби ин бунёд дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли оянда як барномаи нави сохтмони манзилҳои зист барои эҳтиёҷмандон татбиқ хоҳад шуд :

«Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки ба он бунёди «Ҳебитат» дар оянда низ маблағгузорӣ хоҳад кард. Дар давоми чаҳор соли пешоянд дар ин кишвар сохтмони ҳафтсад манзили зист дар назар аст. Мо дар ин ҷо ҳамасола ҳудуди 200 манзил бунёд намуда, мавриди истифода қарор хоҳем дод. Ин барнома барои беҳбуди вазъи зисти сокинони маҳаллии ниёзманд ба манзил роҳандозӣ хоҳад шуд.»

Фазлидин Абдусамиев - сарвари намояндагии ин бунёд дар Тоҷикистон меафзояд, ки ин манзилҳо ба табақаи миёнаи аҳолӣ бо арзиши нисбат ба бозор арзон ва аз ҳама асосӣ - ба тариқи кредити бесуди дарозмуддат дода хоҳад шуд:

«Авохири соли гузашта дар шаҳри Чкалов хонаи сеҳуҷра ба соҳибонаш бо нархи 2 ҳазору ҳафтсад доллари ИМ супурда шуд. Дар Хуҷанд чунин хонаҳоро аз 5 то наздики ҳафт ҳазор доллар додем. Имсол бошад, ба мақсади ҳар чи поён бурдани арзиши хонаҳо мо тарҳи манзилҳои сеҳуҷра ва чаҳорҳуҷраро каме дигаргун кардем. Умуман, ҳадафи аслии мо бо нархи ҳар чи арзон бунё намудани манзилҳои зист аст.»

Фазлидин Абдусамиев - сарвари намояндагии бунёди «Манзил барои одамон» афзуд, ҳафтае қабл дар шаҳри Душанбе низ дафтари ин созмон расман боз шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин ба роҳ мондани барномаҳои хонасозии бунёди мазкур дар ояндаи наздик дар навоҳии Ҳисору Ваҳдат низ дар назар аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG