Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миллион доллари як донишҷӯ


Алекс Тъю дар охири моҳи августи ҳамин сол сайте зери исми www.milliondollarhomepage.com месозад. Сайт хеле содда аст ва дар саҳифаи аввали он як тӯри даҳ ҳазор хоначадор гузошта шудааст. Ҳар як хонача ҳаҷми сад пиксел дорад ва ҳамин тарз дар саҳифа як миллион пиксел ҷойгир аст. Ҳар пиксел як доллар арзиш дорад. Алекс бо сохтани ин сайт аз муштариён даъват кардааст, ки «нишонаи худро дар интернет бигзоранд» ва хоначаҳои ӯро харидорӣ кунанд.

Алекс мегӯяд, дар рӯзи саввум як харидор пайдо шуда, чаҳор хоначаро бо чаҳорсад доллар харидааст. Аммо шӯҳрати саҳифа дар бораи ин тарҳи ғайриоддӣ замоне боло меравад, нашрияи The Guardian дар бораи ин сафҳа мақолае ба нашр расондааст. Дар се рӯз дусад ҳазор нафар аз ин саҳифа дидан кардаанд. Акнун, пули коркардаи ин донишҷӯ ҳам барои пардохти маблағи таҳсил ва ҳам барои харидани ҷӯроб, тарзе худаш қабл аз сохтани саҳифа орзу доштааст, мерасад.

Субҳи сеюми октябр, идеяи хориқулоддаи Алекс ба ҳисоби ӯ 253 ҳазор доллар ворид сохта буд.
XS
SM
MD
LG