Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи нақлиётӣ ҷони бисту як нафарро рабуд


Бисту як мусофири автобуси мусофирбаре дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар 56 километрии ҷануби пойтахт дар шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа ҷони худро аз даст дод. Бино бар иттилоъи Ҳабибулло Мунавваров- сухангӯи Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон, рӯзи якшанбе, дуюми октябр ҳангоми ҳаракат дар мавзеъи Хуросони вилояти Хатлон автобуси тамғаи Икарус- 280 бо мусофирбари тамғаи КАВЗ бархурдааст. Бар асари ин бархӯрд КАВЗ оташ мегирад ва аз роҳ хориҷ шуда, чаппа мешавад. Мусофирбар аз сӯзишвории газ истифода мекардааст. Аз ҳабдаҳ ҷасади шинохташуда шаш нафарашон кӯдак будаанд. Чаҳор мусофири КАВЗ аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдаанд ва ҳоло бо ронандаи ИКАРУС ва як мусофири он барои муъолиҷаи ҷароҳат дар бемористон бистарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG