Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи иди касби душвор дар Тоҷикистон


Ба муносибати Иди омӯзгор дар шаҳри Душанбе бо иштироки садҳо омӯзгору мудири мактабҳо нишасти идона баргузор гардид. Бо вуҷуди рӯҳияи идона ва ҷоизаву мукофотҳо, дар нишаст бештар аз мушкилоте сухан рафт, ки мактабу маорифи кишвар ба онҳо гирифтор мебошанд. Нарасидани муаллимони соҳибтаҷриба, аз мактаб дур мондани духтарон, бӯҳрон дар умури китобхонаҳои мактабӣ, нарасидани китобҳои дарсӣ, камбуди ҷойи нишаст дар мактабҳо ва афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон аз масъалаҳое буд, ки дар ин ҷаласа баррасӣ шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, гуфт, бо вуҷуди ҳамаи ин бояд сатҳи мактабу маориф дар пойтахт аз дигарон хеле боло бошад. Вай афзуд, сар аз соли 2006, аз ҳисоби буҷҷаи шаҳрдорӣ, барои донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 30 сомонӣ ва ба омӯзгорони пешсаф ҳар моҳ ба маблағи 60 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд.
Дар Душанбе 103 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва гимназияву лисей фаъолият мекунад, ки 148 000 хонандаро бо таҳсил фаро гирифтааст. Беш аз 6 000 муаллим ба хонадагон дарс мегӯянд, ки 15 дар сади онҳо маълумоти олии омӯзгорӣ надоранд. Музди миёнаи омӯзгорон аз 50 то 80 сомонӣ ё ҳудуди 30 доллари амрикоӣ мебошад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG