Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони маориф дар Маскав


Шоҳини Самад

Вазирони маорифи кишварҳои муштаракулманофеъ хоҳони онанд, ки хатмкунандагони мактабҳои миёнаи давлатҳои узви ин ҷомеа дониши сифатан баробарро дарёфт намоянд ва дастрасии баробарро ба донишгоҳҳои олии ин кишварҳо дошта бошанд. Ин матлаб дар 11-умин конфронси вазирони маорифи кишварҳои муштаракулманофеъ, ки дар Маскав баргузор гардид эълом шуд. Дар ин нишаст вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов низ ширкат дошт.

Вазири маориф ва илми Русия Андрей Фурсенко гуфт, муҳим он аст, ки хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сатҳи дониши сифатан баробар дошта бошанд:

"Мо масъалаи сатҳи дониши хатмкунандагони мактабҳои миёнаи кишварҳои ҷомеаи муштаракулманофеъро баррасӣ намудем ва хоҳони имзои шартномае шудем, ки тибқи он хатмкунандагон аз кишварҳои узв дар донишгоҳҳои дилхоҳи худ дар давлатҳои муштаракулманофеъ таҳсил карда тавонанд. Тибқи чунин шартнома ҷавонони тоҷик низ метавонанд, пас аз хатми мактаби миёна дар донишгоҳҳои кишварҳои муштаракулманофеъ таҳсили худро идома диҳанд."

Пас аз нишаст дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, аз ҳамтои русаш дархост кардааст, то шумори квотаи донишҷӯёни Тоҷикистон барои роҳёбӣ ба мактабҳои олии Русия зиёд гардад.

Вазири маорифи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки дар нишасти вазирони маорифи кишварҳои муштаракулманофеъ инчунин масъалаи зарурати эътироф шудани гувоҳнома ва ё дипломҳои донишгоҳҳои олии ҷумҳуриҳои муштаракулманофеъ дар қаламрави ҳамдигар баррасӣ шудааст.

Пас аз конфронс вазирони маорифи давлатҳои муштаракулманофеъ намоишгоҳи маориф 2005-ро ифтитоҳ намуданд. Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ Донишгоҳи Славянӣ, Литсейи туркиву- тоҷикӣ, нашриёти "Маориф" муаррифӣ карданд.

Аммо дар муқоиса бо майдончаҳои намоишии вазоратҳои маорифи дигар кишварҳои муштаракулманофеъ майдончаи намоишии Тоҷикистон чандон бузург набуд, чун танҳо чанд китоби нави дарсиро дар бар дошт.
XS
SM
MD
LG