Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

20 мушовири нави рус дар Кумитаи марзбонии Тоҷикистон


Боз 20 афсари риштаи марзбонии Хадамоти амнияти федероли Русия дар сохторҳои Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон ба ҳайси мушовири низомӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар ин бора Нуралишоҳ Назаров, муовини аввали фармондеҳи неруҳои марзбони Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод.
Вай афзуд, ҳадафи аслии ҷалби мушовирони низомии Русия ба сохторҳои марзбонии Тоҷикистон андӯхтани таҷрибаи чандсолаи онҳо дар назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон будааст. Назаров гуфт агар вазъият тақозо кунад, шояд мақомоти Тоҷикистон аз неруҳои федеролии марзбонии Русия боз мушовирони низомӣ талаб кунад. Бархе манобеъ гуфтаанд, то охири сол шумораи мушовирони Русия дар сохторҳои марзбонии Тоҷикистон ба 280 нафар хоҳад расид. Дар ҳамин ҳол низомномаи ҳузур, салоҳият ва вазифаҳои онҳо эълон нашудааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG