Пайвандҳои дастрасӣ

Рагҳои хунгарди Тоҷикистон


Гурӯҳи эҷодии "Ҳамнафас" Қадри зар заргар бидонад, қадри гавҳар гавҳарӣ ва қадри роҳро ронанда. Агар ба ӯ нигоҳ кунед, дар роҳи ҳамвору паҳну дилкушо дар симои вай табассум мисли офтоб медурахшад. Дар роҳҳои пастобаланду шикофу тангу дилгиркунанда, вай ба абри сангини боронӣ монанд мешавад.

ВАЗЪИ РОҲҲО

Тоҷикистон бештар аз 30 000 километр роҳи мошинрав дорад.
Аз ҷумла, 13 800 километри он аҳамияти умумҷумҳурӣ дошта, таҳти сарпарстии Вазорати роҳ ва наклиётанд. Ва аз ини 13 ҳазор километр роҳ танҳо 4 000 километраш таъиноти стратегӣ ва аҳамияти миллӣ ва 8 000-и дигараш аҳамияти минатқавӣ дорад. Вазъи роҳҳои мавҷуд дар Тоҷикистон барои ҳар касе, ки ҳадди ақал як бор ба берунтар аз Душанбе сафар кардааст, маълум аст. Ҳатто дар дохили пойтахт роҳҳо комилан ба талабот посухгӯ нестанд. Масъули идораи роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Далер Ҷӯраев мегӯяд ҳамагӣ 1 дарсади роҳҳои вазъи хуб дошта, бақия баданд ва ними роҳҳо аслан қобили тармим нестанд. Бо вуҷуди ин дар ҳоли ҳозир як барномаи таъмири роҳҳои аҳамияти саросарӣ рӯи даст аст, ки ҳамаи он бо сармоягузориҳои хориҷӣ иҷро мешавад.

РОҲҲОИ НАВ

Тибқи маълумоти расмӣ дар қитъаи Зиғар--Шикев роҳи Душанбе--Кӯлоб--Хоруғ 36 миллион доллар ва дар нақби Анзоб 65 миллион доллар сармоягузори хориҷӣ ва дар таҷдиди роҳи Душанбе--Қӯрғонтеппа 19 миллион дорлар сармоя ҷалб шудааст. Ин тақрибан ҳамаи сармоягузории хориҷӣ барои сохтмони роҳҳои Тоҷикистон аст.
Аммо роҳи дараҷаи аввал ва бо аҳамияти бештар барои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир нақби Анзоб мебошад, ки раҳбарияти кишвар онро бо кӯмаки Эрон бунёд мекунад."

РОҲИ НАВИ АБРЕШИМ

Ромини Ҳодизода аз Иёлоти Муттаҳида навиштааст, "роҳ нишондиҳандаи дараҷаи рушди ҳар кишвар аст. Имрӯз агар Тоҷикистон мехоҳад, аз лиҳози иқтисодӣ ва ваҳдати миллӣ тараққӣ кунад, бояд аввал роҳҳои хубу босифат бисозад" ва, онгуна ки дӯсти дигари мо афзудааст, ба чорроҳаи таърихии Роҳи нави Абрешим табдил ёбад.

ГӮШ ДОДАН МЕХОҲЕД?

Барои шунидани ҳамаи барнома ба шумули гуфтугӯ бо узви пайвастаи Академияи нақлиёти Русия, раиси Шӯрои байнидавлатии роҳсозони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд, Бӯрӣ Карим, шоҳидии ронандагон дар бораи роҳҳои Тоҷикистон рамзи радиочаро дар охири сарлавҳаи асосӣ пахш кунед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG