Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии мавзӯъи траффики инсон дар Душанбе


Дар як нишасте дар Душанбе, ки дар мавзӯъи траффики инсон баргузор гардид, гуфта шуд, чанд банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон марбут ба масоили траффики инсон дорои навоқисе мебошад, ки дар мубориза бо ин падида монеъоте эҷод мекунад. Асадулло Урунов, додситони вилояти Суғд мегӯяд, «Дар банди аввали моддаи 130-и қонуни ҷиноӣ, хариду фурӯши одам ҳамроҳ оварда шудааст. Мушаххас гуфта нашудааст, кадоме аз ин ҷиноятҳоро бояд исбот кунем. Боз чанд нофаҳмии дигар ҳам вуҷуд дорад, ки мантиқан нодуруст аст. Ба фикрам, аз забони англисӣ ё русӣ нодуруст тарҷума шудааст. Бояд ин номафҳумиҳо ислоҳ шавад.»
Аз масоили дигари баҳс дар ин нишаст, адами омори дақиқи афроди траффикшуда буд. Фахриддин Батиршев, намояндаи кумитаи марзбони Тоҷикистон гуфт, барои омори дақиқ шароиту имконоти муосири назорати рафтуомади шаҳрвандон лозим аст. Ширкатдорони нишаст бо ишора ба таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ, назорати компютерии рафтуомади шаҳрвандонро ба хориҷа дар фурӯдгоҳ, роҳи оҳан ва роҳҳои мошингард яке аз роҳҳои муассиири ҷилавгирӣ аз траффики инсон донистанд.
Бино бар омори созмони ғайриҳукуматии «Модар», дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 400 зани тоҷик дар Иморот будааст. Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, то имрӯз бо мусоидати комиссияи ҳукуматӣ ва IOM, 25 зан ва 1 марди траффикшуда аз Дубай ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Мутобиқи маълумоти ниҳодҳои ҳифзи тартибот дар 9 моҳи соли равон 68 ҳодисаи траффики занон ба қайд гирифта шудааст ва 37 парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
XS
SM
MD
LG