Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

D'you speak English?


Мавҷигул Муллоева, аз масъулони таҳияи ин китоб мегӯяд, як таҳқиқ мӯайян карда буд, ки китоби ҳолии таълимии забони англисӣ барои омӯзиши ин забон мушкил эҷод мекардааст. Баъдан, тариқи озмун як гурӯҳи кори омӯзгорони забони англисӣ ташкил шуд. Муаллифони китоби нави таълимӣ, 8 омӯзгори макотиби миёнаи Тоҷикистон ва як мутахассис аз Британиёву яктои дигар аз Узбакистон мебошанд. Шералӣ Гурезов, омӯзгори забони англисии мактаби рақами 1-и ноҳияи Вахш ва яке аз ҳаммуаллифони китоб мегӯяд, дастури мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия мешавад. Ба гуфтаи омӯзгор Гурезов, дар таҳияи ин дастури таълимӣ пеш аз ҳама дархости худи хонандагон ба назар гирифта шудааст.

«Дидем, ки бисёр талабаҳо мехоҳанд, китобро ранга ва шавқовар бинанд, забони ҳозиразамони англисӣ истифода шуда бошад, мавзӯҳо бисёр замонавӣ бошанд ва мо низ ҳангоми таҳияи китоб ин чизҳоро ба назар гирифтем.»

Китоби мазкур дар якҷоягӣ бо дастурамал барои омӯзгорони забони англисӣ чоп мешавад, то онҳо тавонанд аз рӯи он кор баранд. Ва ин як бартарии китоби ҷадид хоҳад буд, мегӯяд Робия Маҷидова, омӯзгори забони англисии мактаби рақами 14-и шаҳри Қайроқум. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз китобҳои англисӣ барои омӯзгорон чунин як дастур надоштаанд.

«Матнҳои китоби имрӯза ҳамааш дар бораи давлати Шӯравӣ аст ва мувофиқи шавқи хонандаҳо нест, бинобар ин мо дар ин китоб мавзӯъҳои барои бачаҳо наву шавқоварро истифода мебарем. Масалан, мувофиқ карда додем, ки як хонанда гӯё аз Тоҷикистон худро муаррифӣ мекунад ва аз Британияи Кабир ҳам гӯё як намоянда ҳаст, ки бо вай доимо мукотиба мекунад ва ҳангоми мукотиба онҳо дар бораи расму оин, дар бораи фарҳангу миллати онҳо маълумот мегирад ва ҳамчунин бо забони англисӣ Тоҷикистон низ муаррифӣ шудааст, ки барои хонандагон ин хеле фоидабахш аст.»

Интизор меравад, китоби нави таълимӣ пас аз тасдиқ аз ҷониби вазорати маорифи кишвар аллакай дар ҳамин мавсими ҳолии хониш барои тадрис истифода шавад. Ва аммо мувофиқи иттилоъи вазорати маорифи Тоҷикистон, имсол дар маҷмӯъ 19 номгӯи китобҳои нав бо теъдоди беш аз 1 миллион нусха барои хонандагони макотиби миёна аз чоп баромад ва ин рақам дар муқоиса бо солҳои пешин ба маротиб зиёд будааст.
XS
SM
MD
LG