Пайвандҳои дастрасӣ

Саволи шумо ба вазири маориф


Маълумоти мухтасар:
Абдуҷаббор Раҳмонов дар 4-уми марти соли равон вазири маориф таъин шуд. Фаъолияти ӯ дар ин ҳафт моҳ вазъи мактабу маорифи Тоҷикистонро комилан рӯшан кард. Коҳиши сатҳи савод, нарасидани омӯзгорон, ришва ва фасод дар мактабҳои олӣ, камбуди маблағ барои тармиму сохтмони мактабҳои нав аз ҷумлаи мушкилҳои соҳа номида шуданд. Вазири нав ин вазъро пинҳон накард, балки ҳукуматро ба қабули барномаи ислоҳ ва рушди маориф то соли 2015 водор намуд. Шахсан дар дарсҳо ширкат кард ва тасмимҳо гирифт. Вай ҳатто орзу дорад, дар Русия барои фарзандони муҳоҷирон мактаб боз кунад. Ба Абдуҷаббор Раҳмонов чӣ савол доред?
----------------------------------------------------------------------------------------------------
Ба вазири мӯҳтарам аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 50 саволи гуногун расид, ки ба ӯ пешкаш шудаанд ва дар давоми ин ҳафта, ҷавобҳои Абдуҷаббор Раҳмонов ба саволҳои шумо дар ҳамин саҳифа нашр хоҳанд шуд. Бахши тоҷикии радиои Озодӣ аз ҳамаи онҳое ки саволҳои худро фиристоданд, сипосгузор аст.
XS
SM
MD
LG