Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва EBRD: Тарафҳои ҳавасманд


Ҳайъати баландпоя ва бонуфузи Банки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ояндаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард. Агар аз забони хушки хабарӣ ба забони оммафаҳм тарҷума кунем, соҳибони "халтаи пул" бо онҳое гуфтугӯ карданд, ки ба ин пул ниёз доранд, то иқтисодиёти кишварро ҳаракати тундтаре диҳанд ва дар натиҷа соҳибони халта ба қарзҳои худ сарбахши хуб изофа кунанду истифодабарандагони маблағ ба рушди иқтисодӣ, коҳиши фақр ва беҳбуди вазъи иҷтимоӣ ноил гарданд. Яъне, ба истилоҳ мулоқоти ду ҷониби ҳавасманд. Албатта, сафари намояндагони банкҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон зиёд сурат мегирад, вале ин сафар, ба гуфтаи сухангӯи EBRD, хонуми Ваннора Бенет як сафари махсус аст. Хонуми Бенет мегӯяд, "пеш аз ҳама, шӯрое, ки ба сафар баромадаст ва ҳоло дар Тоҷикистон аст, як ниҳоди иҷроӣ нест, балки сарони банк ҳастанд ва намояндагони 62 кишвари саҳҳом. Барои онҳо ин як сафари омӯзишӣ ҳаст. Онҳо мехоҳанд, аз раҳбарони Тоҷикистон тафсилоти нақшаҳои ояндаи ин кишварро шунаванд ва махсусан ончиро, ки ба шаффофияти фаъолиятҳои молиявӣ ва идораи оқилона бастагӣ доранд. Агар таассурот хуб буд, натиҷаҳо барои ду тараф ҳам банк ва ҳам кишвар хуб хоҳанд буд. Таҷрибаи мудирон метавонад, фаъолиятҳоро сечанд кунад, агар онҳо мутмаъин шаванд, ки сарварони ҳукумат ва бизнес дар ин ҷо ба шаффофият ва идораи оқилона пойбанданд."
Раиси дафтари матбуотии Банки миллии Тоҷикистон Раҳматшо Додихудоев гуфт ҳамкории Тоҷикистон бо банки аврупоӣ имрӯз дар ҳоли густариш ва таҳким қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, EBRD дар чандин барномаи бузургҳаҷми Тоҷикистон 59 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Ва корманди бахши равобити хориҷӣ дар Тоҷиксодиротбонк, Зоҳир Тоҳиров мегӯяд, ҳамкориҳои ин ниҳоди молиявии Тоҷикистон бо EBRD барои ҳарду ҷониб қонеъкунандаанд ва Тоҷиксодиротбонк умедвори ин аст, ки сармоягузории EBRD ба он афзоиш хоҳад ёфт. Ҷаноби Тоҳиров ҳамчунин гуфт, дар ду соли ҳамкорӣ банки аврупоӣ аз тариқи Тоҷиксодиротбонк 2 миллион долларро ба соҳибкории хурду миёна равона кардааст. Ҳамаи қарзу кӯмакҳо, ба гуфтаи Тоҳиров, дуруст ва бонатиҷа истифода шуда, баргардони вом ва судҳо бидуни таъхир ба амал меояд. Ва дар бораи самтҳои ҳамкории EBRD бо Тоҷикистон, коршиноси мустақил, номзади илми иқтисод Тоҳири Абдуҷаббор мегӯяд, ин банк бештар ба рушди соҳаи хусусӣ дар Тоҷикистон ҳавасманд буда, ба соҳибкории хурду миёна таваҷҷӯҳ дорад. Аммо оё фазои сармоягузорӣ дар кишвар то куҷо нарму мусоид аст? Таври маълум ин банкҳо қарзу кӯмакҳои худро бо иҷрои шартҳои муайяни ислоҳоти иқтисодӣ пайванд медиҳанд? Оё Тоҷикистон ин шартҳоро иҷро мекунад? Раҳматшо Додихудоев, раиси дафтари матбуотии Банки миллии Тоҷикистон рафти ислоҳоти иқтисодӣ ва шаффофияти амали ниҳодҳои ҳукумати кишварро дурусту қаноъатбахш мешуморад. Аммо Тоҳири Абдуҷаббор, ҳамчун иқтисодшиноси мустақил мегӯяд, аз ҳарду тараф, ҳам аз EBRD ва ҳам аз ҷониби ниҳодҳои Тоҷикистон як андоӯза обуранг додани вазъи феълӣ ба назар мерасад, вагарна, пешрафт кам буда, фасоди иҷтимоӣ ва риояи қонунҳо сармоягузоронро ба ташвиш меоранд. Вай меафзояд, боз ҳам хуб аст, ки аз тарафи ҳукумат талош ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ рӯ ба афзоиш дорад. Аммо EBRD ва сармоягузорони дигар дар пайи суди худ мебошанд, ки ин тараф низ бояд ба назар гирифта шавад. Сухангӯи Банки миллии Тоҷикистон Раҳматшо Додихудоев мегӯяд, аз он ҷо ки имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистон рӯ ба густариш дорад ва барои бардоштани он ҳоло асосан сармоя даркор аст, ҳамкории кишвар бо ҳамаи банкҳо, давлатҳо ва сармоягузорони хусусӣ ҳаётан муҳим мебошад.
XS
SM
MD
LG