Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Афғонистон: Имзои созишномаи ҳамкорӣ дар марз


Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии Афғонистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар баробари фаъолияти гурӯҳҳои терорристӣ ва убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва маводи мунфаҷира як созишнома имзо карданд. Ин маросим дар ҳузури намояндагони кишварҳои сармоягузор ба монанди Иёлоти Муттаҳида, Олмон, Фаронса, Русия ва Кумисиони Аврупо ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба амал омад. Дар оғоизи нишаст раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров ва муовини вазири умури дохилии Афғонистон Муҳаммадовуди Довуд роҷеъ ба вазъи феълӣ дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон гузориш доданд. Ҷаноби Довуд ки аз ҷониби Афғонистон ба созишнома имзо гузошт, аз густариши ҳамкории гурӯҳҳои қочоқбар дар ҳарду тарафи марз изҳори нигаронӣ кард. Аз ҷониби Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи марзбонии ин кишвар Нуралишоҳ Назаров зери ин созишнома имзо намуд ва гуфт, агар кишварҳои сармоягузор дар кӯмак ба Афғонистону Тоҷикистон дасткушод нашаванд, гурӯҳҳои қочоқбар пирӯз хоҳанд гашт. Ҳарду ҷониб иқрор карданд, ки дар ҳоли ҳозир зери 100 километри марз аз тарафи Афғонистон ва 50 километр аз тарафи Тоҷикистон амалан дидбонӣ намешавад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG