Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози мавсими нави театрӣ дар Душанбе


Театри ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ, маъруфтарин ва маҳбубтарин театри тоҷик баъд аз танаффуси беш аз даҳсола дарҳои худро дубора ба рӯи мухлисин боз кард. Театри Лоҳутӣ даҳҳо асари драмматургони тоҷикистониву аврупоӣ, ҳамзамону классикро бо шумули Шекспиру Нуруллоҳи Абдуллоҳ, Молйеру Меҳмон Бахтӣ рӯи саҳна овард. Исо Абдурашидов, садри театри Лоҳутӣ мегӯяд, пас аз танаффуси тӯлонӣ, ҳамакнун, ҳар шом намоишномае пешкаши мухлисин мегардад. Исо Абдурашидов мегӯяд, ба намоишномаҳои нахустин, ки тибқи анъанаи даврони шӯравӣ соати 7 - и шом шурӯъ шудааст, одамон кам меомаданд. Аммо бо мурури чанд рӯзи дигар толори театр аз одам лабрез шудааст:

«Рӯзи якум 100 нафар омад, ки албатта барои толоре ки 500 курсӣ дорад, кам аст. Аммо шаби дуввум ин теъдод ба 150 нафар расид. Ман бовар дорам, мухлиси мо, ки ташнаи театр аст, ҳар шом ба толор хоҳад омад ва мо ӯро ба худ ва худро ба мухлис бармегардонем.»

Нуруллоҳи Абдуллоҳ - муовини раиси иттифоқи арбобони театрӣ шурӯъи мавсими мазбурро як падидаи нек дар самти эҳёи театри тоҷик хонда мегӯяд, то ин рӯз театрҳо дар кишвар дар алоҳидагӣ саҳнаҳо рӯи кор овардаанд, аммо барои нахустин бор аст, ки мавсими театрӣ дар Тоҷикистони мустақил ифтитоҳ ёфт.

Воқеан дар рӯзи ифтитоҳи мавсими театрӣ асари «Афсонаҳои Мӯйсафед»-и Нуруллоҳи Абдуллоҳ, ки шунавандаи мо тавассути маҷаллаи фарҳангии Ганҷинаи Радиои Озодӣ пораҳои онро шунидааст, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Мавсими театрӣ дар Душанбе то ду моҳи дигар давом мекунад.
XS
SM
MD
LG