Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муш дар ҳавопаймо


Ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Қатар дар Манило, пойтахти Филпин, бо сабаби он ки як муш вориди он гардид, парвози худро 12 соат ба таъвиқ андохт.
Бо амри сархалабони ҳавопаймо ҳамаи 243 мусофир аз ҳавопаймо ихроҷ гашта, тамоми бори онҳо боз ва тафтиш шуд.
Ба дохили ҳавопаймо дуд сар дода шуда, кормандони фурудгоҳ дар он мушқапакҳои махсусро ҷобаҷо карданд.
Ҳавопаймо ниҳоят Манилоро тарк кард, вале муш боздошт нашуд. Мақомот мегӯянд, муш метавонад, дар давоми парвоз симҳои муҳимеро бихояд, ки ин ҳаёти сарнишинони ҳавопайморо дар хатар мегузорад.
XS
SM
MD
LG