Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми муттаҳамони терроризм дар Испания


Мурофиаи додгоҳии мусаллаҳони исломӣ дар Испания бо маҳкум ба зиндон шудани 18 нафар поён ёфт. Дирӯз дар анҷоми мурофиа Додгоҳи Олии Испания изҳор намуд, ки дар кишвар як бахши созмони Ал Қоида фаъолият дошт, ки мехост аз роҳи доир кардани амалҳои террористӣ вазъи ҷаҳонро муташанниҷ созад. Ба ин бахш, ба гуфтаи додрасҳо, мутаваллиди Сурия Имодидин Баракат Ёркас сарварӣ мекард. Додгоҳ Ёркасро дар ташкили гурӯҳи ваҳшатафканӣ, куштор ва терроризм муттаҳам ва ба мӯҳлати тулонӣ - 27 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки ки Имодиддин Баракат Ёркас аз ҳамлаҳо болои Ню Йорк ва Вашингтон дар 11 сентябри соли 2001 ум, ки боиси ҳалокати ҳудуди 3 ҳазор нафар шуданд, огаҳ буд ва шояд дар тарҳрезии ин ҳамлаҳо даст ҳам дошт. Айни ҳол додгоҳ иттиҳом дар мавриди ширкати мустақими Ёркас дар ҳамлаҳо болои бузургтарин шаҳрҳои Иёлоти муттаҳидаро тайид накард. Ҳамин гуна иттиҳом дар баробари боз ду гумонбари дигар - Дрисса Чеблиа ва Газуба ал Абраш Ғалиён низ аз сӯи додгоҳ бепояву бунёд арзёбӣ шуд.

Ёркас, чун дигар гумонбарон, иттиҳомҳоро рад кард ва гуфт, ки ҳеҷ гаҳ дар тули зиндагияш даст ба хушунат назадааст:
"Ман тирпарронӣ ва бо силоҳ гаштанро хуш надорам. Падари ман генерал буд. Ӯ дар артиши Сурия хизмат мекард ва аз ин рӯ ман бо силоҳ ошноям. Ман тонкҳоро дидаам ва дар дохили як тонк ҳам будам, ва аммо ин ҳангоми тифлии ман буд ва халос."

Дигар аз муттаҳамон хабарнигори ширкати телевизионии Ал Ҷазира Тайсир Алоунӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо террористон ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳукми додгоҳ дар баробари Алоунӣ боиси нигаронии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон шуд, ки мегӯянд, Тайсир Алоунӣ бо роҳбари Ал Қоида Усома бин Лодин қабл аз ҳаводиси 11 сентябр мусоҳиб шуда буд. Созмони Хабарнигорони бидуни марз, мақараш дар Париж, изҳор намуд, ки пажуҳиши гурӯҳҳои террористӣ ва фаъолияти онҳо - як бахши кори хабарнигор аст. Ҷон Франсуа Ҷуллиард, як тан аз масъулини ин созмон ба Родиёи Озодӣ гуфт:

"Дар ҷараёни бозпурсӣ айбдоркунанда борҳо ба мусоҳибаи Тайсир Алоунӣ бо Усома бин Лодин ишора кард. Ҳамин тариқ, он факт, ки онҳо ба ин мусоҳиба ишора карданд, нишон медиҳад, парвандаи ӯ бо мушили озодии сухан ва фаъолияти хабарнигорияш бастагӣ дорад."

Дар додгоҳи Испания ҳамчунин баррасии парвандаи бамгузорӣ дар қатораҳои Мадрид дар моҳи марти соли 2004 идома меёбад. Бар асари ин ҳамла ҳудуди 200 нафар кушта шуданд. Бо гумони даст доштан дар инфиҷори қатораҳои тақрибан 100 нафар боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол дар Олмон додгоҳи чаҳор марди арабиасл идома меёбад, ки дар тарҳрезии ҳамлаҳо болои муассисаҳои яҳудӣ дар Олмон муттаҳам мешаванд. Гуфта мешавад, ки онҳо бо амри роҳбари гурӯҳи Ал Қоида дар Ироқ Абу Мусаб Ал Зарқавӣ амал мекарданд. Додситонии шаҳри Дюселдорф тақозо дорад, ки гумонбарон ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шаванд.
XS
SM
MD
LG