Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили муҳоҷирон осон шуд


Як сол пеш Русия эълон карда буд, ки аз ибтидои соли 2005-ум рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия фақат бо шиносномаҳои хориҷӣ иҷоза дода мешавад. Аммо мақомоти Тоҷикистон бо ишора ба ҳузури даҳҳо ҳазор мардикори тоҷик дар хоки Русия талаб мекарданд, ки иҷрои ин дастур ба таъхир гузошта шавад. Билохира мувофиқат ҳосил шуд, ки муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар қаламрави Русия ҳуҷҷатҳои сафарӣ бигиранд.
Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Маскав аз Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия хоҳиш кардем дар ин бора тафсилот диҳад.

"Бисту шашуми сентябри имсол қарори ҳукумати Русия ба тасвиб расид, ки дар он гуфта мешавад, рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон таввасути шиносномаҳои дохилӣ, шиносномаҳои миллии ин кишварҳо сурат мегирад. Ҳамчунин наврасони то 14-сола метавонанд аз шаҳодатномаи таввалуд истифода бикунанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав ин иқдоми ҳукумати Русияро бо хушӣ истиқбол кард, зеро ки мушкилоти бисёри шаҳрвандони мо дар Русия дар робита ба ин масъала осон хоҳад шуд."

Ва аммо ин дастур аз кай мавриди иҷро қарор мегирад?

"Фикр мекунам, аз рӯзи имзо ва тасвиби дастур, яъне аз 26 сентябр."

Масъалаи дигар тақсими шиносномаҳои хориҷии тоҷикӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия аст. Оё бо тасвиби қарори нави ҳукумати Русия, тавзеъи шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон хотима меёбад?

"Ба андешаи ман, ин ба раванди додани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими Русия ҳастанд ва ё муваққатан дар қаламрави ин кишвар ба сар мебаранд, ягон таъсир нахоҳад расонд, зеро ин кор, ки дар асоси шартномаи тарафайни вазоратҳои умури дохилаи Русия ва Тоҷикистон дар панҷ минтақаи Русия ба роҳ монда шудааст, идома хоҳад ёфт. Новобаста аз он ки иҷоза шудааст, ё не, доштани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ зарар нахоҳад кард, баръакс ба фоидаи кор хоҳад буд."

Ҳафтаи оянда раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ширкат хоҳад кард. Оё ҳамзамон бо ин баррасии масоили ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Русия низ дар назар аст?

"Бале, шумо дуруст гуфтед, аз 6 то 8-уми октябри соли равон дар Русия рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин чорабинии муҳим ва консерти устодони санъати Тоҷикистон, ки дар саҳнаи Театри Калони Русия мешавад, роҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ва Владимир Путин низ ширкат мекунанд. Дар ин рӯзҳо мулоқоти онҳо низ баргузор мешавад, ки албатта, дар он масоили сиёсӣ низ баррасӣ мегардад."
XS
SM
MD
LG