Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти нахуствазирони панҷ кишвар дар Душанбе


Шӯрои чаҳордаҳуми байнидавлатии кишварҳои узви ҷомеаи ҳамкории Авруосиё бо ширкати нахуствазирони кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Душанбе доир шуд. Сарвазирони кишварҳои узви Авруосиё ба шумули Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз ҷумла роҳҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва ҳамгироии бештари миёни аъзои ин созмонро баррасӣ кардаанд. Дар нишасти сарвазирон аз ҷумла, ташкил ва фаъолияти бозори муштараки энержӣ, созишномаи коркарди муштараки мувозинаи энержии кишварҳои узв ва ташкили воҳиди иттилоъотӣ ба манзури баровардани ниёзҳои бозори муштараки энержӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта ва дар чанд қарордоде дар ин робита ба имзо расидааст.
Аммо дар айни ҳол масъалаи ҳамоҳангсозии қавонин, таруфаҳои гумрукӣ ва молиётӣ, ҷорӣ кардани меъёрҳои ягона ба кишварҳои узви Авруосиё даст надодааст, ки дар сурати адами ин муқаррароти воҳид ташкили бозори муштарак ғайримумкин аст. Аз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар мавриди таъхири ин масъала ва имкони таъсиси як иттиҳодияи гумрукӣ дар чаҳорчӯби Авруосиё суол шуд.
Ӯ дар посух гуфт, ин масъала ба он вобаста аст, ки дар қонунҳои гумрук ва молиёт тағйирот ворид ва инчунин таруфаҳои нав ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ беш аз нисфи кор дар ин самт анҷом шудааст. Вай афзуд, имкон дорад, соли 2006-ум як иттиҳодияи гумрукӣ дар миёни кишварҳои узви Авруосиё таъсис шавад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG