Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро матбуоти мустақил рушд намекунад?


Хуҷанд. Ҳафтавори «Суғд» - нахустин нашрияи мустақил дар Хуҷанд 5 - умин соли таъсиси худро таҷлил кард. Дар муддати ин 5 сол ҳарчанд теъдоди расонаҳои чопӣ дар вилояти Суғд то 50 адад расидааст, аммо шумораи расонаҳои мустақил аз 3 адад боло нарафтааст.

САРНАВИШТИ НАХУСТИН РӮЗНОМАИ МУСТАҚИЛ
Ҳафтавори сиёсиву ҷамъиятии «Суғд» - нахустин нашрияи мустақили тоҷикӣ дар маркази устони Суғд панҷ сол қабл бо кӯмаки молии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард. Ду сол қабл аз ҷониби аҳли қалами ҳафтанома бо дастгирии молии Бунёди миллии амрикоии рушди демократия (NED) нашрияи дигаре барои ҷавонон бо номи «Суғдиён» арзи ҳастӣ кард.

Абдулмаҷиди Бобоҷониён - сардабири ҳафтавори «Суғд» мегӯяд:«Суғд» дар соли панҷум мустақилона худро аз нигоҳи молӣ таъмин мекунад ва дар бозори матбуоти вилоят харидор дорад. Аммо имрӯз маблағе, ки аз фурӯши нашрия ба даст меорем, фақат ба чопи шумораи нав кифоят мекунад. Аммо ин маблағ барои беҳбуди шароити кории аҳли эҷод ва зиёд кардани теъдоди ҳафтавор нокофӣ аст.»

Бо гузаштани 5 сол аз ворид шудани нахустин шумораи ҳафтавори мустақил бо номи «Суғд» ба саҳнаи матбуот дар минтақаи шимолии Тоҷикистон теъдоди нашрияҳои мустақил дар ин минтақа танҳо ду адад зиёд шудааст. Баъди як соли таъсиси ҳафтаномаи «Суғд» дар соли 2001 нашрияи «Вароруд» ба забони русӣ ва дар соли равон ҳафтаномаи «Тонг» - яъне «Субҳ» ба забони узбакӣ дар Хуҷанд рӯи чоп омаданд. Дар ҳоли ҳозир теъдоди нашри ин се расонаи мустақил беш аз 3 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Аммо тайи ин муддат шумораи нашрияҳои давлатӣ дар вилояти Суғд то ба 50 адад афзудааст, ки шумораи нашри онҳо ба даҳҳо нусха мерасад. Дар вилояти Суғд рӯзнома нашрияи ҳаррӯза вуҷуд надорад.

МОНЕАИ СИЁСӢ ДАР РОҲИ РУШДИ МАТБУОТИ МУСТАҚИЛ
Вале сабаби аслии рушд накардани матбуоти мустақил дар вилояти Суғд чист?
Аксари коршиносони маҳаллӣ дар умури матбуот дар посух ба ин пурсиш ба фароҳам набудани фазои мусоиди сиёсӣ дар Тоҷикистон барои рушди васоити ахбори мустақил ишора мекунанд. Бобоҷони Икром - сардабири нашрияи «Вароруд», ки сар аз ибтидои моҳи сентябр нашри қисмате аз саҳифаҳои худро ба забони тоҷикӣ ба роҳ мондааст:

«Пеш аз ҳама, барои рушди матбуоти озод фазои хуби сиёсӣ дар кишвар зарур аст. Ҳарчанд дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ин самт қадамҳои устувор гузошта шудааст, вале ба ҳар ҳол муҳити хуби сиёсӣ барои рушди матбуоти озод фароҳам оварда нашудааст. То кунун як дараҷа тарси муассисони матбуоти озоди кишвар аз мақомот эҳсос мешавад. Дар мисоли нашрияҳои «Рӯзи Нав» ва «Нерӯи Сухан» хатари баста шудани матбуоти мустақил аз байн нарафтааст ва мақомот метавонанд, дар ҳар лаҳза ва бо ҳар баҳона матбуоти мустақилро бубанданд. Дар чунин шароит бештари муассисаҳои чопӣ ба хотири аз байн нарафтан аз инъикоси бисёр ҳодисаҳои сиёсӣ, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳо ва ё инъикоси коррупсия ва ришвахорӣ дар сатҳи мақомоти давлатӣ канорагирӣ мекунанд. Яъне, як навъ худсензура дар ҳама намуди расонаҳои хабарӣ дида мешавад ва дар чунин вазъ аз рушди матбуоти мустақил ва озод наметавон сухан гуфт.»

МОНЕАҲОИ ИҚТИСОДӢ
Камбуди молӣ ва набуди маблағ аз ҷониби коршиносони маҳаллӣ дигар аз мушкилоти аслии нашрияҳои мустақили Суғд ва ба майдон наомадани расонаҳои нави мустақил арзёбӣ мегардад. Яке аз манбаъҳои асосӣ барои нашрияи мустақил реклама аст. Вале «камии теъдоди нашри расонаҳои чопӣ» - мегӯяд Илҳоми Ҷамолиён - муассис ва сардабири Оҷонси иттилоъотии «Вароруд», «таваҷҷуҳи рекламадиҳандаро аз онҳо дур мекунад»:

«Рекламадиҳанда усулан манфиатдор аст, ки доираи хонандагон ва муштариёни нашрия васеъ бошад. Вале таъдоди нашри ҳафтаномаҳои мо аз як ё якуним ҳазор беш нест ва ин ҳолат онҳоро бо душвории дарёфти рекламадиҳанда рӯ ба рӯ кардааст.»

Аммо дар радифи камбуди молӣ масъулини нашрияҳои мустақили Суғд андозбандиҳои гарон ба нашрияҳо, зиёд мавриди тафтиш қарор гирифтани расонаҳои мустақил аз ҷониби мақомоти мухталифро ҳамчун омилҳои аз рушд боздорандаи матбуоти озод дар Тоҷикистон ва минтақаи Суғд ном мебаранд.

Тилав Расулзода - рузноманигори мустақил аз Хуҷанд дар ин робита ба мушкили паҳн кардани расонаҳои мустақил ишора мекунад: «Ҳатто як деҳаи бузурге, ки то бист ҳазор аҳолӣ дорад, як нафар рӯзномарасон ё хаткашон ва дӯкони рӯзномафурӯшӣ надорад. Ва ҳамин аз байн рафтани хадамоти рӯзномарасонӣ боиси аз нашрияҳо дур мондани аҳолӣ шудааст.»

Масъулини расонаҳои мустақили Суғд мегӯянд, ба иллати гаронии арзиш аз хадамоти ягона муассисаи «Почтаи Тоҷикистон» наметавонанд истифода кунанд ва ба дасти муштариёну хонандаҳо расонидани шумораҳои расонаҳояшон кори худи онҳост.
XS
SM
MD
LG