Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси нуқтаи нави тиҷорати наздимарзӣ


Зимни сафари як ҳайъати давлатии Тоҷикистон ба вилояти Қошғари Чин доир ба таъсиси нуқтаи нави тиҷорати сарҳадӣ тавофуқ ҳосил шудааст. Мудири шӯъбаи идораи иқтисод ва иқтисоди хориҷии ҳукумати вилояти Бадахшон Балхиёр Замиров гуфт, тибқи ин тавофуқ нуқтаи тиҷорати наздимарзӣ дар минтақаи Қулма дар ҳудуди Тоҷикистон, аммо бо маблағгузории Чин бунёд мешавад.
Балхиёр Замиров афзуд, дар ин нуқтаи тиҷоратӣ 80 фурӯшгоҳ ва дигар таъсисоти хидматрасонии зарур барои ин марказ сохта мешавад. Балхиёр Замиров ҳадаф аз таъсиси нуқтаи тиҷорати наздимарзиро мусоидат ба рушди тиҷорат ва беҳбуди вазъи иҷтимоии сокинони манотиқи марзии Бадахшон арзёбӣ кард. Қарор аст, сохтмони нуқтаи тиҷорати марзӣ моҳи май ба поён бирасад. Феълан дар вилояти Бадахшони ҳаммарз бо Чину Афғонистони Тоҷикистон се нуқтаи тиҷорати наздимарзӣ дар сарҳади ин кишвар бо Афғонистон фаъол ҳастанд. Нуқтаи тиҷорати наздимарзии Қулма, нахустин чунин як макони тиҷорат дар марзи Чину Тоҷикистон хоҳад буд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG