Пайвандҳои дастрасӣ

Медалҳои нав аз Теҳрон


Варзишгарони маълули тоҷик дар чаҳорумин давраи бозиҳои варзишии бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон дар риштаи тенниси рӯи миз се медал ба даст оварданд. Фарид Солеҳов, сухангӯи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, теннисбозони тоҷик дар рақобатҳои инфиродӣ бар варзишгарони Сурия, Озарбойҷон ва Эрон ғалаба карданд. Ситора Мирзоева бо медали тилло, Санавбар Халилова бо медали нуқра ва Марзия Эргашева бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Рақобатҳои даставӣ бо пирӯзии тими Эрон хотима ёфт. Дастаи тенниси рӯи мизи маълулони Тоҷикистон барои дарёфти мақоми панҷум бо тими Малайзия зӯрозмоӣ мекунад.

Дастаи волейболи Тоҷикистон баъди ду ғалаба бар тимҳои Ироқ ва Қатар ва бохт ба дастаи Сурия, дар дидори навбатии худ бар тими Арманистон бо натиҷаи 3 бар 2 ғолиб омад. Вале дастаи ҳандболи Тоҷикистон аз тими Озарбойҷон мағлуб шуд. Ҳамчунин дастаи баскетболи Тоҷикистон дар муборизаи баробар аз тими Қатар бо натиҷаи 45 бар 47 шикаст хӯрд. Намояндагони Тоҷикистон дар рақобатҳои давандаҳо ба масофаи наздик ба сабқати нимниҳоӣ роҳ ёфтанд. Шаҳноза Зиёева дар рақобатҳои ниҳоӣ дар давидан ба масофаи 1500 метр мақоми шашумро ишғол кард.
XS
SM
MD
LG