Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамкорӣ ба хотири амният ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон" шурӯъ шуд


Конфронси байналмилалии дурӯзае, ки субҳи 27 сентябр дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон оғоз ёфт, масъалаи ҳамоҳангии кӯмаки байналмилалӣ барои таҳкими ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба баррасӣ мегирад. Конфронс кори худро бо сухани ифтитоҳии Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон оғоз кард. Дар конфронс раванди иҷрои созишномаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои кӯмакрасон ва ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди таҳкими нигаҳбонии марз баррасӣ мешавад. Ахиран, Нуралишоҳ Назаров, муовини раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфта буд, Тоҷикистон барои сохтмони қитъаҳои иловагии марзӣ ва таъмири қитъаҳои мавҷуда, гузаргоҳҳои нав ва нуқтаҳои назорати гумрукӣ ба кӯмаки молӣ ниёз дорад. Ба гуфтаи ӯ, кумитаи марзбони Тоҷикистон якчанд лоиҳаи дарёфти кӯмаки хориҷӣ омода кардааст ва онҳоро дар конфронси имрӯза ба кишварҳои сармоягузор пешкаш мекунад. Конфронси мазкур зери исми «Ҳамкорӣ ба хотири амният ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон» ва бо ибтикори барномаи мусоидати Иттиҳоди Аврупо дар умури марз ва ҷилавгирӣ аз густариши маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG