Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигоҳе ба таърихчаи сохтмони Роғун


Роғун дубора эҳё мешавад. Маросими эҳёи бунёди нерӯгоҳи барқи Роғун, ки ҳанӯз ҳам чун мерос аз айёми шуравӣ онро бузургтарин нерӯгоҳҳои Осиёи Марказӣ ном мебаранд, рӯзи душанбе дар маркази шаҳраки Роғун доир гардид. Дар ин маросим, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва вазири саноат ва энергетикаи Русия Виктор Христенко ширкат намуданд. Ба иттилоъи вазорати энергетикаи Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқи обии Роғун то 3 миллиону 600 ҳазор киловатт нерӯи барқ тавлид хоҳад кард.

Бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз айёми шуравӣ, соли 1976 шурӯъ шуда буд. Тайи даҳ соли минбаъда дар он корҳои аввалия ва бунёди сарбанд шурӯъ шуд, ки тибқи лоиҳа, баландияш бояд 320 метрро ташкил медод. Ҳамзамон дар сад километрии шарқи Тоҷикистон шаҳраки Роғун арзи вуҷуд кард. Ва аммо охирҳои солҳои 80 уми қарни гузашта сокинони маҳаллӣ алайҳи бунёди нерӯгоҳ бархостанд - дар гирдиҳамоиҳо асосан мардум аз он изҳори нигаронӣ мекард, ки деҳаҳои кӯҳии атроф ва ҳазорҳо гектар замини кишт зери об мемонданд.

Бархе аз рӯшанфикрони тоҷик, аз ҷумла, хабарнигори маъруф Отахон Латифӣ ва шоира Гулрухсор - вакилони мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ба таҷдиди назари бунёди сарбанди нерӯгоҳ даъват карданд ва бо истинод ба пажӯҳишҳои олимон мегуфтанд, ки дар сурати то 120 метр бунёд шудани сарбанди ГЭС зарурати ба ҷойи дигар кӯчонидани чандин деҳа ва хатари зери об мондани заминҳои кишт аз байн меравад.

Бо фурӯпошии шӯравӣ баҳсҳо дар мавриди бунёди нерӯгоҳ хотима ёфтанд ва ҳамроҳ бо ин идомаи корҳо дар Роғун ҳам. Мутахассисон аз ҷамоҳири шуравӣ, аз ҷумла, Русия, Роғунро тарк карданд, баъди шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ бошад, нерӯгоҳ ва шаҳраки Роғун бесоҳиб монданд ва афроди мусаллаҳ бо истифода аз ин техника ва таҷҳизоти ГЭС-ро ба яғмо бурданд.

Ва аммо аз сохтори муштараки тақсими барқи собиқ шӯравӣ берун мондани Тоҷикистон, ки боиси камбуди энерҷӣ дар кишвар гардид, ҳукуматро водор мекард, ки роҳҳои нави тавлиди барқро ҷустуҷӯ намояд ва мутахассисон роҳи наҷотро дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи нав ва эҳёи бунёди нерӯгоҳи барқи Роғун медиданд. Ва аммо кишвари ба тозагӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ беруншуда барои ин корҳо сармояи кофӣ надошт.

Аввалин кишваре, ки омодагияшро барои сармоягузории неругоҳи барқи Роғун изҳор кард, Покистон буд. Баъдан Эрон ҳам аз омодагии худ барои ширкат дар барномаҳои энерҷии Тоҷикистон, аз ҷумла, эҳёи Роғун хабар дод. Ва аммо Русия ҳам имкони ширкаташ дар эҳёи ГЭС-и Роғунро аз эътибор соқит намекард ва тайи чанд сол музокирот дар ин маврид миёни мақомоти ду кишвар идома карданд. Як сол пеш зимни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Душанбе миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати русии "РусАЛ" дар бораи идомаи бунёди муштараки неругоҳи барқи Роғун созишнома имзо шуд.

Ба гуфтаи Олег Дерипаска, раиси ширкати "Базовий элемент", барои хатми бунёди неругоҳ тақрибан як миллиарду 200 миллион доллар сармоя зарур аст. Бунёди бахши аввали нерӯгоҳ бояд соли 2011 пурра анҷом ёбад. То он вақт, ба гуфтаи мутахассион баландии сарбанд 225 метр ва ҳаҷми обанбор беш аз 13 милиардро кубометрро ташкил хоҳад дод. Ва дар охир, баландии сарбанд ба 325 метр хоҳад расид. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки 7 деҳа бо ҳудуди 4 ҳазор нафар сокин ба мавзеъи дигар кучонида мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳудуди севу ним ҳазор сокинони Тоҷикистон ҷалб хоҳад шуд.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, бунёди нерӯгоҳи барқи Роғун имкон медиҳад, ки Тоҷикистон, ба истилоҳ, истиқлоли комили энерҷиро соҳиб шавад ва ҳамчунин нерӯи барқи изофаро ба дигар кишварҳо, аз ҷумла, Афғонистон, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон ва вилоятҳои ҷанубии Русия фурӯшад. Ва аммо аз нигоҳи иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров, нерӯгоҳ фақат дар ҳоле бунёд хоҳад шуд, ки ширкати русӣ ба ваъдаи сармоягузории он то охир содиқ бимонад.
Аз сӯи дигар, ҳушдор медиҳад иқтисоддони тоҷик, назорати истифодаи маблағ низ зарур аст, зеро он метавонад бо ташкили ҳар гуна муассисаву корхонаҳои хурд ба яғмо бурда шавад. Дар он сурат, бунёди нерӯгоҳ боз солиёни зиёд ба дарозо хоҳад кашид.
XS
SM
MD
LG