Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Духтарони кӯча" ба ҳаёти солим бармегарданд?


Ба маълумоти Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ, танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудудан 2 ҳазор тифли бехонаву дарбадар аст ва шумори қобили мулоҳизаи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Бархе аз ин духтарҳо дар бозори танфурӯшӣ истифода мешаванд. Талошҳои бархе аз созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак барои бозгардонидани чунин духтарҳо ба ҳаёти солим ва оилаву хонаводаҳояшон бенатиҷа меанҷомад, чун дар аксар ҳолатҳо ин гуна духтарҳои ба истилоҳ "бадном" танҳо дар муҳити ҳамтоёни худ қобили қабул мешаванд.
Ин мавзӯъро дар бахши аввали барномаи мо Зарангези Наврӯзшоҳ таҳқиқ мекунад.
Аммо дар бахшҳои б аъдӣ таҳқиқи дигаре дорем, ки онро метавон

ДАР ҶУСТУҶӮИ ФУЛЛА

ном гузошт.
Дар Ховари Миёна ҷойи Барбии амрикойиро бомуваффақият Барбии исломӣ ва ё лӯхтаке бо исми Фулла гирифтааст. Нашрияи Ню Йорк Таймс навиштааст, барои мусоидат дар тарбияи шоистаи мазҳабии насли хурдсоли кишварҳои арабӣ як ширкате бо исми "Ню Бой Дизайн Студио" дар Сурия ба тавлиди лӯхтакҳои духтарона бо исми Фулла шурӯъ кард. Он ба фарқ аз Барбӣ - бо либоси суннатии мардуми маҳаллии кишварҳои Ховари Миёна ва ғолибан бо рӯсариии исломӣ эҷод мешавад. Дар ояндаи наздик ин ширкат ният дорад, Фулларо дар нақши омӯзгор ва духтур ҳам истеҳсол кунад, чун дар миёни занони араб ин касбҳо аз эҳтироми вижа бархурдор будаанд. Ню Йорк Таймс мегуяд, ҳарчанд арзиши Фулла беш аз 16 доллари амрикойӣ бароварда шуда барои бори мазҳабиву ахлоқии ин лӯхтак ва маҳбубияти афзояндаи он миёни духтарони хурдсол волидонро водор мекунад, ки барои ҷигарбанди худ ҳадди аққал як намунаи Фулларо бихаранд. Фаёз Абидин, як масъули бахши бозорёбии ширкати "Ню Бой Дизайн Студио" гуфтааст, сирри маҳбубияти Фулла на танҳо дар ҳиҷоби он, балки дар хусусиёти вижайи башардӯстонаи он аст: "Фулла арӯсаки ҳақиқатҷуву меҳрубон ва ғамхор аст, ва волидонашро қадр мекунад," гуфт Фаёз Абидин.
Дар кишварҳои дигари минтақаи Ховари Миён лӯхтакҳои ба истилоҳ мақбули мусалмонон бо исмҳои Лайлову Соро ҳам тавлид мешаванд, аммо аз лиҳози маҳбубият, мегӯяд Ню Йорк Таймс, онҳо бо Фулла қобили рақобат буд наметавонанд.
Аммо акнун гуш диҳед ба таҳқиқоти вижаи гуфтори Ояндасоз. Бо кумаки Аминҷон, як шунавандаи дойимии гуфторҳои мо, ки дар Миср ба сар мебарад, мо ба яке аз манотиқи маъруфи тиҷоратии Қоҳира - майдони Рамзиес меравем. Аминҷон дар даст телефони ҳамроҳ дорад, ва баъди ошнойӣ бо моли фурушгоҳҳои бозиҳои бачагонаи Майдони Рамзиес гуфт, дар пешоруйи моҳи шарифи Рамазон, ки барои аҳли мусалмонон хеле муҳтарам аст, фурушгоҳҳои бозичаҳои Миср молҳои махсуси идонаро ба фуруш гузоштааст ва яке аз маҳбубтарин бозиҳои ба истилоҳ рамазонӣ фонус будааст. Акнун бо кӯмаки Аминҷон ба оқои Аҳмад Комил, фурӯшандаи мағозаи "Ҷавҳара Рамзес" муроҷиат мекунем, то бигӯяд, оё мизони тиҷорати ӯ дар моҳи Рамазон аз моҳҳои маъмулӣ то куҷо фарқ мекунад. Ва бо изҳори сипос аз кумаки Аминҷон, як ҷавони тоҷики муҳассили донишгҳои Ал Азҳари Миср, як хоҳиши уро ба ҷо меорам, ки расондани муборакбодии моҳи Рамазон ба наздикону дӯстони ӯ бо василаи барномаи "Ояндасоз"-и Бахши тоҷикии радиои Озодист. Ба шумо ҳам иди Рамазонро табрику муборак бод мегӯем, шунаванади арҷманд, умедворем дар баробари иҷройи як рукни муҳими фазилатҳои исломӣ, инчунин шунидани гуфторҳои Ояндасозро дар ин муддат фаромуш намекунед.

Агар бо хондани ин матн дар шумо хоҳиши шунидани гузоришу мусоҳибаҳои мо пайдо шуд, рамзи сабзи радиочаро дар охири сарлавҳаи асосӣ "клик" кунед. Он гоҳ ҳам садоҳо ва ҳам мусиқии рангорангро хоҳед шунид.

Вобаста

XS
SM
MD
LG