Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медалҳои каратеро кӣ гирифт?


Рақобатҳои даставӣ дар навъи кумитэ байни бузургсолон бо пирӯзии тими аввали Тоҷикистон хотима ёфт. Дастаи дуввуми мизбонон мақоми дуввумро ишғол кард. Тимҳои Беларус ва Афғонистон мақоми севвумро касб намуданд. Дар ин навъи рақобатҳо байни наврасон тими Эрон муваффақ ба дарёфти мақоми аввал шуд. Тими Тоҷикистон мақоми дуввумро соҳиб гашт. Тимҳои Узбакистон ва Афғонистон мақоми севвумро ишғол намуданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи кумитэ байни бузургсолон Раҳматуллоҳ Ҳасанӣ аз Афғонистон дар вазни то 63 кило, Дориюши Хокизода аз Эрон дар вазни то 73 кило ва Муҳаммад Бодаков аз Тоҷикистон дар вазни беш аз 73 кило соҳиби медали тилло шуданд. Боз чаҳор варзишгари тоҷик - Диловар Шарифов, Далер Сафоев, Хуршед Муҳаммадҷонов ва Мансур Раҷабов дар вазни худ мақоми севвумро касб карда, бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ин навъи рақобатҳо байни наврасони синнашон 16-17-сола бо ғалабаи каратэчиёни тоҷик Аслиддин Нигоров дар вазни то 55 кило, Эраҷ Ҳакимов дар вазни то 65 кило ва Бадриддин Умедов дар вазни беш аз 65 кило ба поён расид. Варзишгари навраси тоҷик Фирӯз Темуров дар рақобатҳо дар вазни то 55 кило мақоми дуввумро соҳиб шуд. Аъзои тими Тоҷикистон Беҳзод Бобоев, Мақсудхӯҷа ва Илёсиддин Нӯъмоновҳо дар рақобатҳо дар вазни худ мақоми севвумро касб намуданд. Дар рақобатҳо байни наврасону ҷавонон дар навъи ката Александр Барсигян ва Евгений Рибин, ҳарду аз Русия ғолиб омаданд.

Сато Тетсуто, президенти Федератсияи байналмилалии Авруосиё оид ба каратэ-до сито-рю ва ноиби раиси Федератсияи ҷаҳонии каратэ-до ба ғолибон медалҳои мусобиқаро супурд.
XS
SM
MD
LG