Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи бунёди Роғун


Қабл аз зӯҳри имрӯз, 26 сентябр дар шаҳраки Роғун, садкилометрии Душанбе маросими эҳёи бунёди нерӯгоҳи Роғун баргузор шуд. Барои бунёди бузургтарин нерӯгоҳи обӣ - барқӣ дар минтақа ширкати русии «РусАл» беш аз як миллиард доллар ҷудо кардааст. Мутобиқи созишномае, ки ин ширкат бо ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расонидааст, интизор меравад, навбати аввали нерӯгоҳи обӣ - барқии Роғун то охири соли 2009 ба истифода дода шавад. Гуфта мешавад, нирӯгоҳи Роғун дар ниҳоят қодир ба тавлиди 13 миллиард киловатт соат барқ хоҳад буд. Дар маросими эҳёи бунёди нерӯгоҳи Роғун Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон ва вазири саноат ва энергетикаи Русия, Виктор Христенко ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG