Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занон дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон


«Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон матни ин суханрониро ба таври пурра чоп кардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ мубориза бо терроризм, хариду фурӯши маводи мухаддир ва масоили зистмуҳитиро аз мушкилоти аслии ҷаҳони кунунӣ номидааст. Эмомалӣ Раҳмонов бо ишора ба мавзӯъи мубориза бо даҳшатафканӣ гуфтааст, зимни бархӯрд бо ин мушкил набояд ба бархӯрдҳои дугона роҳ дода шавад.

«Азия Плюс» навиштааст, 27 ва 28 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони комиссияи Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милал ва мақомоти марзбонии тоҷику афғон дуввумин нишасти ҳамоҳангсози кӯмакҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби барномаи ҳамкорӣ ҷиҳати тақвияти марзҳои миёни Афғонистону Тоҷикистон баргузор мегардад. Нашрия аз қавли Нуралишоҳ Назаров, муовини аввали раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон навиштааст, интизор меравад, дар ин нишаст барномаҳои нави кӯмак ҷиҳати тақвияти фаъолияти марзбонони тоҷик ироа гардад. Нуралишоҳ Назаров афзудааст, бо вуҷуди ироаи кӯмакҳои назарраси байналмилалӣ ба Тоҷикистон ин кишвар ҳанӯз ҳам барои тақвияти марзҳои худ бо Афғонистон ба кӯмакҳои бештар ниёз дорад.

Дар матлаби дигари ҳамин нашрия омадааст, Амрико қасд дорад, дар оянда низ аз фаъолиятҳои кумитаи марзбонии Тоҷикистон ҳимояти молӣ намояд. Тибқи навиштаи «Азия Плюс» то кунун Амрико ба Тоҷикистон барои тақвият ва бозсозии зербиноҳои марзбонияш 9 миллион доллар кӯмакҳои фаннӣ расонидааст.

«Миллат» дар навиштае ба ҳузури занон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон пардохта таъкид доштааст, бо вуҷуди талошҳои ҳукумат барои ҷалби бештари бонувон ба умури сиёсӣ, ҳузури занон ҳамоно дар мақомҳои раҳбарӣ дар Тоҷикистон камранг аст. «Миллат» таркиби порлумони феълии Тоҷикистонро аз лиҳози ҳузури занон нокофӣ дониста ишора намудааст, ба ҳайати он аз навоҳии шарқи ин кишвар ягон зан роҳ наёфтааст.

Мавзӯъи зан дар як навиштаи «Народная Газета» низ ба баррасӣ гирифта шудааст. Тибқи навиштаи ин ҳафтанома аз 30 то 70 дарсади занон дар Тоҷикистон машғули фаъолиятҳои мухталифи давлатианд, аммо бо ин вуҷуд таъкид менамояд нашрия, дар мақомҳои раҳбарикунандаи марказӣ ва симати руасои навоҳӣ ҳамагӣ шаш зан ифои вазифа менамояд. «Народная газета» бар асоси маълумоти кумитаи омори Тоҷикистон нигоштааст, дар маҷмӯъ занони раҳбарикунанда дар ин кишвар ҳудуди севу ним дарсадро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG