Пайвандҳои дастрасӣ

Русто: Зиндагии бенури ҷавонон


Суғд - Бадахшон «Падарам гуфт, ки ё таҳсилро интихоб мекунӣ ё моро. Баъд ман агар ба хондан мерафтам, ҳамсояҳоямон мегуфтанд, ки ин духтара бин хондан рафтаст. Ман аз таънаҳои онҳо метарсам.»

Ин ҳарфҳои Зулола, як духтари 20 сола аст, ки дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд зиндагӣ мекунад ва бисёр орзу доштааст, ки барои таҳсил ба Душанбе ояду муҳассили донишгоҳи тиббӣ гардад. Аммо волидонаш монеъи ҷомаи амал пӯшидани ин орзуи ӯ гардидаанд. Зулола мегӯяд, дар деҳоти дурдасти ноҳияаш табибони занона каманд ва модарони ҷавон аз сабаби набудани мутахассис ба маризиҳои гуногун гирифтор шуда дар шароити бади хона таваллуд мекунанд.

«Ман агар имконият медоштам ҳоло ҳам ба хондан мерафтам. Хондан ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Ман мехоҳам ба мардуми мӯҳтоҷ кӯмак расонам. Дар хона таваллуд мекунанд ва баъзеашон дар роҳ то марказ омадан азоб мекашанд. Ҳозир барои беҳбудии мардум кам кор мекунанд, ҳама мехоҳад пул ба даст орад.»

Зулола мегӯяд, зиндагӣ дар ноҳияи онҳо барои ҷавонон якранг мегузарад. Духтарон танҳо ба кори хонаву саҳро машғуланд ва дар вактҳои холӣ дар бораи якдигар сӯҳбат мекунанд, писарон ғолибан ба мардикорӣ ба Русия ё шаҳри Хуҷанд мераванд. Дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд корхонаҳои саноатии зиёд фаъолият мекунад, ки аксари онҳо дар натиҷаи ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ таъсис ёфтааст. Дилдора, сокини ҷавони Қайроқум мегӯяд, чанд соли ахир ҷавонони онҳо дар корхонаҳои мазкур фаъолият намуда теъдоди муҳочирони меҳнатиро кам кардаанд.

«Дар шаҳри мо дар давоми як соли ахир 4 корхонаи муштарак таъсис ёфтааст ва теъдоди онҳое, ки нони худро дар ғарибӣ меёфтанд, кам шуд. Маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатӣ дар Қайроқум 145 сомониро ташкил медиҳад.»

Шарофат, муаллимаи мактаби миёнаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон низ мегӯяд, ба ғайр аз мардикориву кори сангини замин, ҷавонон машгулияте надоранд.

«Дар деҳа дар ҳаёти ҷавонон навигарие нест. Ҳоло ман гӯям шояд шумо хандед. Мо то ҳол дар деҳа барқ надорем. Писарҳо мераванд дар майдони варзишӣ бозӣ мекунанд духтарҳо ба ҳамонҷо ҳам рафта наметавонанд. Рӯзи дароз бо кори замину хона машғуланд.»

Танҳо як чизе дар ноҳия Рӯшон нисбати теъдоди аъзами дехоти кишвар фарқкунанда будааст, ки писарони ин ноҳия ба духтарони таҳсилкарда издивоҷ мекардаанд. Дар шароити сахти иқтисодӣ онҳо фикр мекунанд, ки ҳамсари соҳибмаьмулот ва соҳиби шуғл метавонад дар пешбурди зиндагӣ кӯмак кунад. Ба гуфти мусоҳибонам, шароити таҳсил дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии деҳоти дурдаст, чандон хуб нест ва бо сабаби набудани муаллимони фанҳои муосир онҳо дарсҳои забонҳои хориҷӣ ва компютерро намехонанд. Як донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мегӯяд, онҳо мушкили дастрасӣ ба интернет ва адабиёти муосирро доранд. Аммо дар ҳамин ҳол теъдоди аъзами наврасону ҷавонони деҳоти ҷумҳурӣ тамоман аз истифодаи интернет ва компютер хабар надоранд.

Арамбегим Маҳтобшоева, мудири шӯъбаи иҷтимоӣ ва фарҳангии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, дар вилоят ҷавонон ба ташкили корхонахо хусусӣ шурӯъ кардаанд.
«Як ду ҷавоне ҳастанд, ки корхонаҳои хусусӣ доранд ва ҳамсолонашонро ба кор ҷалб кардаанд. Барои мисол Насриддин Сабзалиев корхонаи ҷамъиятии «Панҷ» дорад, ки оби нӯшокии «Помир»-ро ба истифода медиҳад ва дар хориҷи кишвар ҳам ба фурӯш гузоштааст.»

Ба ғайр аз шаҳрҳои калони кишвар ва баъзе аз марказҳои навоҳии он барои ҷавонон марказҳои истироҳативу фароғатӣ вуҷуд надоранд ё фаъол нестанд. Ин аст, ки онҳо танҳо бо меҳмон шудани қувваи барқ ба кошонаашон мусиқӣ гуш мекунанд ё интизори тӯйи арӯсии дӯстонашон мешаванд.
XS
SM
MD
LG