Пайвандҳои дастрасӣ

Қадам ба қадам, то остони нур...


Филме дар он пирӯз хоҳад гашт, ки тавонад мушаххасан моҳият ва усули барномаҳои нави омӯзиширо ба ҷомеа муаррифӣ созад. Ва аз ҳама муҳимаш, тавонад, таваҷҷӯҳи сохторҳои маорифи кишвар ва омӯзгорону падару модаронро ба омӯзишу парвариши кӯдакон бо усулҳои интерактивӣ ҷалб кунад, мегӯяд Назархудо Достонбуев, ҳамоҳангсози барномаи таълимии "Қадам ба қадам". Зеро ба назари ӯ имрӯз истифода аз усулҳои нави таълим барои рушди тафаккури кӯдакон ва пешрафти маориф зарур аст. "Махсусан филм фалсафаи идеяҳои барномаро бояд дар бар бигирад, яъне чӣ гуна кӯдак бояд озод бошад, чӣ гуна ӯ бояд фаъолият барад дар дохили синфхона ва ё миёни дигар ҳамсолонаш дар боғчаи бачагона. Чӣ гуна мураббия ва ё муаллима бо кӯдак муомила намояд, то зеҳни кӯдак сайқал ёбад ва нутқаш беҳтар гардад."»
Достонбуев мегӯяд, барномаи "Қадам ба қадам" таи 2 соли фаъолият дар 25 мактаби кишвар ва 18 боғчаи бачагона тавонист, бо шеваҳои нав ба тарзи тарбия беҳбудӣ ворид созад. Барои мисол, дар асоси як санҷиш маълум шуд, ки тибқи барномаи таълимии давлатӣ хонандаи синфи як дар 1 дақиқа қобилияти мутолиаи танҳо 30 калимаро дорад, аммо хонандае, ки тавассути барномаи нав омӯзиш мегирад, дар ин муддат то 60 калимаро хонда метавонистааст. Барои нашри ин таҷриба тасмим гирифта шуд, аз филмҳои мустанад кор гирифта шавад. Ва аллакай беш аз 10 синамогар ба озмун муроҷиат намудаанд. Сафар Ҳақдодов яке аз хоҳишмандони офаридани чунин филми ҳуҷҷатист ва мегӯяд, мехоҳад пеш аз ҳама дар филм дунёи худи кӯдаконро тасвир созад ва худи онҳо бояд муайян созанд, ки кадом шева барояшон беҳтар аст: "Фаъолияти чунин синфҳоро мо агар каме мушоҳида намоем ва аз миёни хонандагон чанд бачаро интихоб карда, нишон диҳем, бисёр аҷиб мешавад. Ё дар ин раванд ягон муаллими аҷибро пайдо кунем, инам хуб аст. Нишон додани бачаҳои фаъоле, ки аз ин тарзи таълим натиҷагирӣ мекунад дар филм бисёр муҳим аст.»
Аммо дар ин зимн филм мушкилоти мактабу хонандагонро, ки монеи ба пуррагӣ роҳандозӣ шудани барномаҳои нави таълимӣ гардидааст, дар бар мегирад. Аз ҷумла камии омӯзгорон ва муррабиёни кордон ва бедиққатии волидон ба таҳсили фарзанд аз ин қабиланд ва барномаи мазкур бояд барои падару модарон низ бошад.
Ва ҳамчунин дар филм бояд нисбати фишори омӯзгорон ба хонандагон низ таваҷҷӯҳ шавад, зеро имрӯз бархе аз муаллимон тарзи муносибати дурустро бо кӯдакон намедонистаанд ва аксаран ба онҳо хушунат нишон медиҳанд. Аммо шеваҳои нави таълим маҳз муомилаву муоширати касбиро ба омӯзгорон ёд медиҳанд. Абдураззоқ Миров, омӯзгори мактаби рақами 8-и шаҳри Душанбе, ки 2 сол аст аз рӯи барномаи нави "Қадам ба қадам" кор мебарад, мегӯяд: "Аз саҳар омада, мо албатта, бо бачаҳо бозиҳои пагоҳирузӣ мегузаронем, ки ин ба манфиати онҳо аст. Дар он мо аллакай бисёр чизҳоро ба онҳо мефаҳмонем, мисол аз таърихи рӯз сар карда, ҳодисаҳои дар шаҳр рух медодаро ба онҳо мерасонем. Ва бачаҳо ҳам дар баробари дарс ин чизҳоро аз худ мекунанд."
Назархудо Достонбуев, ҳамоҳангсози барномаи "Қадам ба қадам" мегӯяд, пас аз таҳия филм ба Вазорати маориф пешниҳод мешавад ва дар натиҷаи баҳодиҳии онҳо шояд дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ ин барнома роҳандозӣ шавад.
XS
SM
MD
LG