Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов гуфт, дар Тоҷикистон пойгоҳи нирӯҳои Амрико таъсис нахоҳад ёфт


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар мусоҳибаи хос бо хабарнигори ИТАРТАСС ҳама гуна эҳтимоли ҳузури ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаро дар қаламрави кишвараш бо қатъият рад кард. Вай, ки дар мавзеъи Лахши ноҳияи Ҷиргатол рафти размоишҳои муштараки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистонро мушоҳида мекард, гуфтааст, дар Тоҷикистон ҳаргиз ягон пойгоҳи Амрико вуҷуд надошт ва нахоҳад дошт. Вай ҳамаи гуфтугӯҳоро дар ин бора овоза номидааст. Дар айни ҳол президент Раҳмонов Русияро ҳампаймони стратегии кишвараш номидааст, ки ба ақидаи вай аз аввалин рӯзҳои истиқлолияти Тоҷикистон дар ташаккули нирӯҳои мусаллаҳи давлати тозаистиқлол, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи иқтисодии он кӯмаки бузург расондааст. Ба навиштаи ИТАРТАСС ҷаноби Раҳмонов аз тақвияти нақши Русия дар минтақа истиқбол карда, маскавро кафили сулҳ, амният ва эътидол дар Осиёи Марказӣ номидааст.
XS
SM
MD
LG