Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози силсила бо Уктами Холиқназар


Таронаҳои тоҷикӣ дар Вашингтон

Дар толори Маркази Карнегии шаҳри Вашингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида базми таронаҳои тоҷикӣ доир шуд. Аслан унвони расмии ин чорабинӣ -- таҷлили Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон буд, ки андаке дертар доир шуд ва аммо онҳое, ки он рӯз ба толор роҳ ёфтанд, шоҳиди маҳфили зебое шуданд, ки гули сари сабади он ҳунарманди маъруф Шоиста Муллоҷонова буд. Ҳамкори мо Латифи Латифӣ дар ин ҷашни фарҳангу ҳунар ширкат дошт ва мегӯяд, дар Маркази Карнегӣ ҳамчунин офаридаҳои мусаввирони тоҷик ва либосу таъомҳои миллии тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ин гузоришро, ки дар нимаи аввали барнома ҷойгир аст, бо "ангушт задан" рӯи рамзи сабзи радио дар охири сарлавҳа метавонед шунид.

Ид болои ид, аммо...

Дар Тоҷикистон бошад ин ҳафта чанд, ба истилоҳ, маъракаи фарҳангӣ доир шуд, ки ҳадди аққал дутои онҳо -- ҳамоиши ходимони театрии Осиёи Марказӣ ва ҷашнвораи байналмилалии гурӯҳҳои этнографӣ "Садои дилҳо" бояд аз рушди театри тоҷик дар солҳои ахир ва эҳтиром қоил будани ҳукумат ба ҳунару мусиқии бостонии мардумӣ дарак медод. Интизор мерафт, ки дар ҷашнвора ҳунармандон аз Иёлоти Муттаҳида, Олмон, Руссия, Украин, Эрон, Афғонистон, Бангладеш, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин савту наво ва рақсҳои мардумиро ба маърази тамошо мегузоранд. Ва аммо бархе аз ин дастаҳои этнографӣ бо сабабҳои гуногун аз ширкат дар ҷашнвора худдорӣ карданд, кишвари Олмонро бошад, ҳайрон нашавед, дастаи этнографии олмониҳои вилояти Хатлон муаррифӣ кард. Ва тавре ҳамкори мо дар Душанбе Сайёфи Мизроб мегӯяд, дар ҷашнвораҳо он қадар бенизомӣ ба чашм мерасид, ки рӯшан буд ҳатто созмондиҳандагонашон сари калобаи худро гум кардаанд.

"Порсии тоҷикӣ ва ё чаро ғалат менависем"

"Мо ғалат менависем ва ғалат ҳарф мезанем. Забони мо олуда бо вожаҳои бегона аст." Эътирозҳое ба ин гуна вақтҳои ахир зиёд садо медиҳанд ва бояд гуфт бепояву бунёд нестанд. Чӣ гуна забони тоҷикиро метавон аз вожаҳои ғайр пок кард, сабаби рух додани ғалату иштибоҳ дар асарҳои адибону гузоришҳои хабарнигорон чист? Кадом вожаҳои нав лоиқи вуруд ба забони тоҷикиянд? Дар бораи ин ва дигар мавзӯъҳои марбут ба забони тоҷикӣ сӯҳбатҳое дорем бо адибу забоншиноси тоҷик ва муаллифи китоби "Ғалат менависем" Уктами Холиқназар. Ин мавзӯъ дар силсилаи сӯҳбатҳои мо бо адиб ва забоншиноси тоҷик Уктами Холиқназар дар нашрҳои ояндаи маҷаллаи "Ганҷина" идома хоҳад кард. Онро бо пахш кардани рамзи радиоча дар охири сарлавҳа гӯш кунед, тоҷикии хубу дурустро омӯзед ва ҳар назаре дар ин бора доред, ба мо фиристед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG