Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонони тоҷик -- хостори афзоиши мушовирон аз Русия


Генерал Нуралишоҳ Назаров, сардори Ситоди нируҳои марзбони Тоҷикистон гуфт, Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон аз идораи марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия хоҳони афзудани шумори мушовирони низомии ин кишвар дар Тоҷикистон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар кишвар 10 мушовири низомии рус фаъолият мекунанд, ки кофӣ набудааст. Вай афзуд, ҷониби Русия тамоми шартҳои созишномаи тарафайнро дар мавриди супоридани муҳимоти ҷангӣ ва дигар амволи ғайриманқул ба ҷониби Тоҷикистон иҷро карда ва захоири хӯрокаву сӯзишвории марзбонони тоҷик то ба охири сол басанда аст. Аммо, гуфт ӯ, нируҳои марзбони тоҷик ба кӯмаки молии хориҷӣ эҳтиёҷ доранд. Чунончи, барои сохтмони қитъаҳои иловагии марзӣ ва таъмири қитъаҳои мавҷуда, гузаргоҳҳои нав ва нуқтаҳои назорати гумрукӣ кӯмаки молӣ зарур аст. Назаров афзуд, Кумитаи марзбони Тоҷикистон якчанд лоиҳаи дарёфти кӯмаки хориҷӣ омода кардааст ва онҳоро дар як конфронси байналмилалие, ки ба зудӣ дар Душанбе сурат хоҳад гирифт, ба кишварҳои сармоягузор пешкаш мекунад. Конфронси мазкур таҳти унвони «Ҳамкорӣ ба хотири амният ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон» бо ибтикори Барномаи мусоидати Иттиҳоди Аврупо дар умури марз ва ҷилавгирӣ аз густариши маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.
Генерал Назаров аввалин мақоми Тоҷикистон буд, ки ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2003 хуруҷи марзбонони Русия аз Тоҷикистонро талаб кард ва гуфт, марзбонони тоҷик омодагии пурра доранд, назорати марзро дар ихтиёри худ бигиранд.
Фарҳоди Милод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG