Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бензин чаро қиммат шуд?


Афзоиши баҳои маводи сӯхт дар бензинфурӯшиҳо тайи се рӯзи ахир теъдоди васоили нақлияи мусофирбар дар пойтахти кишварро ба маротиб коҳиш ва бар равуои сокинин ва меҳмонони шаҳр мушкил эҷод кардааст. Қиммати маводи сӯхт ҳамзамон бо болоравии арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон низ ба таври қобили мулоҳиза тағйир хӯрда ва ба ҳар литри анвои мухталифи сӯхт аз як ва дар бархе минтақаҳои кишвар якуним сомонӣ муодили панҷоҳ сенти амрикоӣ изофа шудааст. Як ронандаи таксӣ дар Душанбе гуфт, ногузир аст, нархи роҳкиро барои корафтодагонро боло барад. Дар ғайри сурат наметавонад маблағи молиёт пардохта карда ва асбоби маишати хонаводаашро таъмин кунад.

Камбуди маводи сӯхт мунҷар ба қатъи фаъолияти қисмати аъзами бензинфурӯшиҳои пойтахт шудааст. Маҳмадӣ, як фурӯшандаи маводи сӯхт гуфт, яке дигар далели афзоиши маводи сӯхт гаронии молиёт ва боҷи гумрукӣ барои воридоти ин навъи маҳсулот аст ва аз ин сабаб, бештари тоҷирон, ки аз роҳи қочоқ ба кишвар маводи сӯхт ворид мекунанд, онро зуд ба фурӯш мерасонанд. Онҳо ҳавасманд нестанд, ки маводи сӯхтро захира кунанд. Ин мард гуфт, азбаски ҳоло дар Ӯзбакистон ва Қазоқистон - ду кишвари асосӣ, ки маводи сӯхт аз онҳо дастрас мешавад, баҳои нафт боло рафтааст, тоҷирони тоҷик дар овардани маҳсулот ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд. Ба таъйиди ӯ, чанд нафар тоҷири маводи сӯхт аз Қазоқистон бо дасти холӣ баргаштаанд. Зеро ин кишвар содироти нафтро барои як муддати номуайян қатъ кардааст.

Масъулин ва коршиносони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, болоравии баҳои маводи сӯхт ба иқтисоди кишвар низ таъсири ногувор гузоштааст. Зеро ҳоло дар кишвар мавсими ҷамъоварии ҳосил ҷараён дошта ва бештари воҳидҳои кишоварзӣ ва ба хусус хоҷагиҳои панбапарвари тоҷик ниёзи шадид ба маводи сӯхт доранд. Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле, ки аксари навоҳии пахтакор дар назди сармоягузор қарздор мебошад, маблағи кофӣ барои захираи маводи сӯхтро надорад. Кишоварзон ба хотири ҷамъоварии беталафи ҳосил ногузиранд, бо қиммати баланд маводи сӯхт дарёфт кунанд, ки дар натиҷа ба қарзи воҳидҳои кишоварзӣ маблағҳои илова зам мешавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров - коршиноси тоҷик дар масоили иқтисодӣ афзоиши арзиши чипта дар ҳавопаймо ва ҳамчунин болоравии нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои пойтахтро ба камбуди маводи сӯхт ва афзоиши баҳои он марбут донист. Ҷаноби Умаров бар ин назар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти мавҷуд дар соҳаи сӯзишвории кишвар бояд аз тадобири мушаххас кор бигирад.

Масъулини ширкати «Нафтрасон», аз бузургтарин ширкати таъминкунандаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, танҳо 15 дар сади эҳтиёҷоти аҳолӣ ва муассисот ба маводи сӯхтро солона метавонанд, таъмин кунанд. Аммо набуди маблағ ва адами корхонаҷоти коркарди нафт имкони истеҳсоли маводи сӯхтро дар дохили кишвар ба сифр баробар кардааст. Як нафар корманди идораи «Нафтрасон», ки аз бурдани исмаш худдорӣ кард, дар ин робита мегӯяд, дар Тоҷикистон солона ҳудуди 15 ҳазор тонна маводи сӯхт тавлид мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишвар барои як сол ба бештар аз ним миллион тонна маводи сӯхт ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG