Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навидҳо аз Теҳрон, Душанбе ва Хуҷанд


Шурӯъи бозиҳои бонувони мусалмон

Рӯзи ҷумъаи 23 сентябр дар пойтахти Эрон - шаҳри Теҳрон чаҳорумин давраи бозиҳои варзишии бонувони кишварҳои исломӣ оғоз шуд. Бино ба иттилоъи Фарид Солеҳов, сухангӯи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мусобиқот бо ширкати бонувони варзишгари 47 кишвари ҷаҳон дар 18 риштаи варзиш то рӯзи 28 сентябр идома хоҳад кард. 87 варзишгарзани тоҷик дар рақобатҳо оид ба камонварӣ, баскетбол, волейбол, варзиши сабук, тенниси майдонӣ, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, шиноварӣ, таэквондо ва гуштии дзюдо ширкат мекунанд.


Пирӯзии "Зӯҳро -1" бар "Зӯҳро - 2"

Давраи дуввуми лигаи баскетболи Тоҷикистон бо ширкати ҳашт даста дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Дастаи «Зӯҳро-1» -и Душанбе, ки дар бозии даври нӯҳум бар тими «Зӯҳро-2» бо натиҷаи 87 бар 58 ғалаба кард, бо ҳаждаҳ имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор гирифтааст. Дастаҳои «Фаэтон»-и Душанбе ва «Зӯҳро - 2» бо понздаҳ имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои дуввуму севвумро ишғол мекунанд. Даври навбатии мусобиқот рӯзи якшанбеи 25 сентябр баргузор мешавад.


"Тӯби Чармин"-и "Ҳисор"

Дастаи футболи наврасони «Ҳисор»-и ноҳияи Ҳисор барандаи мусобиқоти ҷумҳуриявии «Тӯби чармин» гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бар дастаи футболи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омад.
XS
SM
MD
LG