Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи фаровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистон


Баланд шудани нархи сӯхт дар нуқтаҳои бензинфурӯшии шаҳри Душанбе, аз ҷумла бензини навъи 96 аз 2 ба 2,5 сомонӣ, норозигии ронандагонро ба вуҷуд овардааст. Бар замми ин бар асари камбуди бензин баъзе аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт баста шуда, бензини навъи поён ва арзонтари 76 тақрибан ғайб задааст. Қутбиддин Мӯсоев, мушовири сарвари ширкати "Нафтрасон", ки 15 фисади маводи сӯхти кишварро ворид месозад, ба радиои Озодӣ гуфт, ин мушкил ба иллати боло рафтани нархи нафт дар бозори ҷаҳон ва таъсири он ба Ӯзбакистону Русия ба миён омадааст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, камбуди маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳамчунин ба оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил дар Ӯзбакистону Қазоқистон вобаста аст. Ин кишварҳо дар ин мавсим мекӯшанд, ки маводи сӯхти истеҳсоли дохилиашонро содир накунанд ва танҳо эҳтиёҷоти худро бароварда созанд. Ҷаноби Мӯсоев афзуд, дар Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор тонна маводи сӯхт дар шаҳри Шӯроби ноҳияи Исфара ва ноҳияи Балҷувон тавлид мешавад, дар ҳоле ки эътиёҷоти кишвар солона ҳудуди 500 ҳазор тонна мебошад. Ба иттилои мақомоти гумруки Тоҷикистон, дар кишвар беш аз 150 ширкати давлативу саҳҳомӣ ва хусусӣ машғули ба Тоҷикистон ворид кардани маводи сӯхти нафтӣ ҳастанд. Ин навъи мавод ба Тоҷикистон асосан аз кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистон ворид карда мешавад.
Фарҳоди Милод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG