Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари президент Раҳмонов ба Ҷиргатол барои дидани размоишҳо


Ҳумоюн

Дар ҳоле ки дар ноҳияи Ҷиргатол марҳилаи охирини размоиши ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон идома дорад, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ба ин минтақа сафар кард. Дар ин тамринҳои густарда ҷузвутомҳои артиши миллӣ, вазоратҳои амният ва корҳои дохилӣ ва гурӯҳҳои амали фаврии нирӯҳои марзбон ширкат доранд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон вазифаи асосии тамринҳо аз санҷиши ҳамоҳангӣ ва ҳамкории чаҳорҷониба дар таҳия ва баргузории амалиёти муштаракест, ки бояд дар рафти он гурӯҳҳои террористии хориҷӣ мағлуб карда шаванд. Ин минтақа дар ҳамсоягӣ бо вилояти Уши Қирғизистон қарор дорад, ки яке аз марказҳои инқилоби рангаи ин кишвар буд. Ва ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, пас аз боздошти гурӯҳе аз тарафдорони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар шаҳри Душанбе, бо истифода аз маълумоти боздоштшудагон дар ин ҷо махфигоҳи калони силоҳ ва муҳимоти ҷангиро кашф карданд. Ноҳияи Ҷиргатол дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои бархӯрди нирӯҳои ҳукумат ва оппозисюн низ буд.
XS
SM
MD
LG