Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти пизишкони Осиёи Марказӣ дар Душанбе


Яке аз сабабҳои афзоиши рӯзафзуни мушкилот дар соҳаи сиҳатии модару кӯдак дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, адами иттилоъ ва ноогоҳӣ аз вазъи мавҷуд будааст. Нилуфар Пурзанд, ҳамоҳангсози барномаи таҳкими саломатии модару кӯдак дар ЮНИСЕФ мегӯяд, маҳз ҳамин вазъ пизишкон ва мутахассисонро аз Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон дар як ҷо ҷамъ овардааст, то чашм ба чашм роҷеъ ба ин мавзӯъ гуфтугӯ кунанд.

"Аз ин сӯҳбатҳо маълум гашт, ки мешавад, бо роҳҳои камхарҷтарин ва осонтарин то андозае вазъи саломатии модару кӯдакро дар кишварҳои минтақа беҳбуд бахшид. Масалан, ширдиҳии табиӣ, воксинкунии бамавқеъ, ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар метавонад, дар ин роҳ мусоидат кунад."

Мутобиқи гузориши ахири бунёди атфоли СММ, мизони маргу мири кӯдак дар Тоҷикистон, 100 нафар аз 100 ҳазор мебошад, ки ин нишондод мутаносибан бо кишварҳои дигари минтақа хеле боло будааст. Дар кишварҳои дигар низ вазъи сиҳатии модару кӯдак, масъалаи зоишҳои нохоста, камхунии занон ҳамчунин нигарокунанда боқӣ мондааст. Бахши аъзами иштирокдорони ин ҳамоиш мегӯянд, сабабҳои аслии боло рафтани маргу мири кӯдакони то яксола, фақр ва камбуди мутахассисони соҳибтаҷриба ва пизишкони бемориҳои кӯдакона мебошад.

Ғизонокии хӯрдании модарону кӯдакон, раҳандозии барномаи вижа оид ба воксинкунии навзодон, йодноксозии намак, таъмини саривақтии кӯдакон бо витамини А аз иқдомоте будааст, ки вазъро метавонад беҳбуд бахшад. Шералӣ Раҳматуллоев, муовини раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар робита ба ин мавзӯъ мегӯяд, мушкилот хеле зиёд аст. Аз ҳама муҳим, нарасидани духтурони педиатор, момодоя ва акушерҳо дар деҳоти кишвар ва набудани дастурамалҳо барои огоҳонидани мардум мебошад.

Қарор аст, соли оянда ин ҳамоиш дар Тошканд доир гардад.
XS
SM
MD
LG