Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи дармону даво дар Душанбе


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон намоишгоҳи байналмилалии дармону даво баргузор шуд, ки дар он беш аз 30 ширкати дорусозӣ аз Русия, Бритониё, Олмон, Ҳиндустон, Украина, Қазоқистон, Булғористон ва Ӯзбакистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Саломиддин Юсуфов, масъули шӯъбаи дорусозии вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки феълан 99 дарсади маводи дорувор аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад, баъд аз ин намоишгоҳ, имкон дорад, дорувори хушсифати маҳаллӣ дар навбати худ ҷиҳати фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ бароварда шавад. Ҷаноби Юсуфов мегӯяд, имрӯз дар Тоҷикистон се корхонаи маҳаллӣ бо истеҳсоли доруворӣ машғуланд. Ин корхонаҳо беш аз 35 номгӯи маводи доруворро истеҳсол мекунанд ва аз онҳо зиёда аз 10-тоаш ба рӯйхати доруҳои асосии Тоҷикистон ворид шудааст. Ин номгӯи доруворе ҳастанд, ки дар кишвар бештар заруранд ва мавриди пурсиш қарор мегиранд. Саидқадам Давлатқадамов, сарвари кулли ширкати хусусии дорусозии «Тоҷфармпроминвест», ягона иштирокчии намоишгоҳ аз Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ба иллати сабтином нашудани маҳсулоти истеҳсоли ин ширкат дар мамолики хориҷӣ, фурӯши маводи дорувори «Тоҷфармпроминвест» дар берун аз Тоҷикистон имконнопазир будааст. Ҷаноби Давлатқадамов мегӯяд, айни ҳол ширкати вай беш аз 30 навъи доруворро коркард ва истеҳсол намуда ҷиҳати бештар муаррифӣ шудан дар арсаи байналмилал, ин маҳсулот дар намоишгоҳи мазкур ба маъраз гузошта шудааст. Намоишгоҳи байналмилалии дармону даво то 24-уми сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва дар он маводи дорувори бархе аз ширкатҳои дорусозии хориҷӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG