Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ба Душанбе сафири нав фиристод


Ли Хуэйла, сафири нави Чин дар Тоҷикистон 22 сентябр дар шаҳри Душанбе устуворномаи худро тақдими раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов бо сафири тозатаъини Чин дар Душанбе масоили равобити Чину Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф дар сатҳи ду кишвар ва созмонҳои минтақавӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Абдуфаттоҳ Шарипов, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҷонибҳо дар мулоқот ба таъмиқу тақвияти муносиботи ҳамҷаворӣ ва тавсиаи равобити иқтисодиву тиҷорӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд. Махсусан таъкид шуд, ки Тоҷикистону Чин дар ин росто ба далели доштани мавзеъи муштарак ва наздикии марзҳо имконоти фаровони ҳамкорӣ дар ихтиёр доранд. Раисҷумҳури Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Қулма - Қароқурумро омили муҳим дар ҷиҳати истифодаи ин имконот ва густариши бештари муносиботи иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Чин номид. Дар рафти мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон ва сафири навиЧин дар ин кишвар ҳамчунин рӯи иҷрои тарҳҳои бозсозии роҳи мошингарди Душанбе -Хуҷанд, сохтмони нақби Шар- Шар ва хати баландшиддати Ҷануб-Шимол табодули афкор сурат гирифтааст. Ҷониби Чин эълом доштааст, омода аст, дар иҷрои ин тарҳҳо дар Тоҷикистон саҳм бигирад. Мутобиқи маълумоти вазорати иқтисоди Тоҷикистон ҳаҷми доду сидати тиҷорӣ миёни Чину Тоҷикистон дар соли гузашта 60 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Аммо вазорати иқтисоди Тоҷикистон ин нишондиҳандаро дар 8 моҳи соли 2005 беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ баровард намудааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG