Пайвандҳои дастрасӣ

«Садои дилҳо» мардумро дилсард кард


Нахуст форуми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ

Дар ин ҳамоиш ҳатто бархе аз масъулин намедонистанд, ки ҳадафи форум чист. Нуруллоҳи Абдуллоҳ - муовини иттифоқи арбобони театри тоҷик бовар дошт, ки ҳайати театршиносони аврупоӣ, ки саҳнаҳоро медид, барои харидорӣ, муаррифӣ ва арзёбии асарҳои ҳунармандони тоҷик омадаанд. Исо Абдурашидов - садри театри Лоҳутӣ низ бар ин бовар буд. Ва аммо Георгий Мамедов, узви комиссияи тадорукотии форум мегӯяд:

«Не не не! Мақсади асосии мо на харидории асарҳои ҳунармандон, балки ба тавофуқ овардан ва истеҳкоми як рабти густарда байни театрҳои Осиёи Марказӣ ва аврупоист. Мо асарҳои дидаамонро ҳатто баҳогузорӣ намекунем»

Исо Абдурашидов мегӯяд, сабаби аслии нофаҳмиҳо байни маъмурияти форум ва театрҳо дар интихоби санади баргузории ҳамоиш будааст:

«Бубинед, пас аз таҷлили рӯзҳои истиқлол, ки ҳама ҳунармандон банд буданд ва дар рӯзҳое, ки фестивали бузурги байнумилалии «Садои дилҳо» таҳти сарпарастии президенти кишвар мегузарад, баргузории форуми театрӣ як навъ рост намеояд. Агар дар дигар рӯз, то ҷашнҳо ва ё баъди онҳо мегузашт, хубтар мебуд.»

Гуландом Набиева, вобастаи фарҳангии бунёди Сорос мегӯяд, дар кори форум норасоиҳо ба чашм хӯрдаанд:

«Мо ба хулосае омадем, ки меҳмонҳо аз тамоми олам на ба маркази «Бохтар», балки ба Тоҷикистон меоянд ва камбуд дар кори ташкилӣ бисёр буд, зуд аз паи рафъи онҳо шудем. Ҳарчанд, ки мо бояд танҳо маблағгузорӣ мекардему бас»

Масъулин ҳатто дар таърихи ҷамъбасти форум сари мувофақа наомада яке онро рӯзи 22 ва дигарӣ 23 сентябр мехонд. Ба ин форум аз Олмон, Фаронса, Итолиё, Маҷористон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Афғонистон, Ирон 40 вакил омадаанд, ки шоҳиди бевоситаи ин чорабинӣ ва бурду бохти ҳамоиш будаанд.

Ва аммо ба иттилоъи шоҳидон «Садои дилҳо»- фестивали байналмилалии гурӯҳҳои ҳунарии касбии мардумӣ низ камбуди назаррас дошт!

Дар нахуст на ҳама аз гурӯҳҳои ҳунарӣ аз 12 кишвари олам ба ин озмун ташриф оварданд. Масъулин мегӯянд, то ҳанӯз бархе гурӯҳҳои касбии ҳунарӣ ба Душанбе нарасидаанд. Абдулҳаким Ҷалолов, сармаъмури ситоди фестивал:

«Аксарият омадаанд, вале танҳо аз Қазоқистону Бангладеш ҳунармандон нарасидаанд. Шояд ҳамин рӯз ( 22 сент.-СМ) ҳайати Қазоқистон ҳам биояд.»

Аз сӯи дигар, дар рӯзи нахустини ҳунарнамоии ҳунармандони афғониву олмонӣ муҷрӣ наёфтаанд. Файзи Ашӯр - шоири ҷавон, ки аз Кӯлоб ба майдони 800 солагии Маскав омада буд, мегӯяд, ӯ ба имдоди вазорати фарҳанг расид ва бе омодагии қаблӣ, шиму костюми як масъули вазорати фарҳангро пӯшид ва ба консерт ҳусни оғоз бахшид. Вале қабл аз оғози фестивал ва консерти зинда Халифабобо Ҷумъазода - сухангӯи фестивал бегоҳи рӯз сешанбеи 20 сентябр, тавассути як гузориши ман шунавандаи моро ба майдони 800 солагии Маскав - назди театри Опера ва Балети Айнӣ, ба консерти олмониҳо ва афғонҳо хонда буд. Консерт бояд дар ҳавои кушод ва барои кулли сокинони пойтахт баргузор мешуд. Вале оё мустамеъи мо ва шунавандаву бинандаи дигар расонаҳои иттилоъотӣ, ки айнан ҳамингуна даъватҳоро шунидаанд, ба ин мавзеъ роҳ ёфтанд?

Мо бо чанд тан аз сокинони Душанбе мусоҳиб шудем. Назира-донишҷӯ, «Мо омадем, милисаҳо пеши роҳамонро гирифтанд ва билет пурсиданд. Мо билет надоштем ва гашта рафтем»

Ҳикмат Нисориддинов донишҷӯ: «Аз одама дида милиса бисёр аст. Мегӯянд, ки билет ё пул дода ба майдон равед. Намемонанд. Охир гуфта буданд, ки бе пул аст, консерт»

Воқеан, шоми 21 сентябр акнофи театри опера ва балетро, ки боистӣ консерт баргузор мегардид ва мардум ройгон бояд консерт медид, фавҷ-фавҷ пулис печида буд. Ба назар мерасид, ки пойтахт на идгоҳ, балки размгоҳ аст. Пулис, ки ин майдонро шурӯъ аз бозори Шоҳмансур то меҳмонхонаи Вахш ва марзи Бонки Миллӣ баста буд, ягон нафарро ба ҷашнгоҳ роҳ намедод. Ҳатто хабарнигоронро ҳам, ки ман байнашон будам.

Аз Абдулҳаким Ҷалолов-сармаъмури ситоди фестивал сабаб мепурсам. Ӯ мегӯяд, «Кормандони пулис садди роҳи мардум шуданд. Ба мо ҳам шикоят расид, ки баъзеи онҳо пул талаб кардаанд. Мо ба онҳо фаҳмонидем, ки охир ин консерт дар кӯча аст ва даромаду дидани ҳунармандон озод аст! Касе, ки хоҳад рост истад, шинад, тамошо кунад. Ба пулис гуфтем, ки бо давъватнома ва билет мекардем, ҳатман дар дохили театр мекардем. Аммо онҳо моро нафаҳмиданд.»

Адами ҳамоҳангӣ байни ситоди ҷашнвора ва мақомоти пулиси шаҳр ҳазорон мухлисро дар ин шом дилсард кард. Форуми байнулмилалии театрӣ то рӯзи 23 ва фестивали «Садои Дилҳо» то 26 сентябр идома дорад. Ва масъулин мегӯянд, ҳатман ин норасоиҳо рафъ мегарданд.
XS
SM
MD
LG