Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNICEF: Зарурати имдоди фаврӣ ба кӯдакони мусулмон


ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттафҳид (UNICEF) даъват кард, барои беҳбуди ҳаёти атфол дар кишварҳои мусулмон бояд даст ба амалҳои фаврӣ зад.
Ин даъват дар гузориши вижаи UNICEF ва Созмони Конфаронси Исломӣ, ки имрӯз муаррифӣ шуд, садо дод. Дар он гуфта мешавад, кишварҳои мусулмон ба болотарин сатҳи маргумири кӯдаку модар рӯбарӯянд. Гуруснагии сартосарӣ, маҳрумият аз таҳсил аз мушкилҳои дигари кӯдакону наврасон дар кишварҳои мусулмон аст, ба вижа дар қораи Африқо.
Мушовир махсуси UNICEF, Содиқ Рашид мегӯяд: "Аз 2 миллиорд кӯдак, ки бахше аз аҳли башарро ташкил медиҳанд, шашсад миллионашон дар ҷаҳони ислом ба сар мебарад. Ва агар мо дар ҳифзи ҳуқуқи онҳо муваффақ нашавем ва ниёзу ормони онҳоро бароварда насозем, маълум мешавад ба тамоми аҳли башар расидагӣ накардаем, ки кӯдакон бахше аз онанд."
Дар гузориши UNICEF ва Созмони Конфаронси Исломӣ гуфта мешавад, кишварҳои сарватманди мусулмон бояд кӯмаки худро аз кишварҳои бенаво дареғ надоранд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG