Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷӯробҳои хушбӯй ва магасрон


Рӯзномаи инглисии "Дейли Телеграф" хабар дод, ки ба зудӣ сарулибосе ба фурӯш хоҳад баромад, ки бӯйи сигору тамоку ва ё ҳар бӯйи нохушояндро қабул нахоҳад кард. Балки баракс аз он либос ҳамеша бӯйи хушу гуворо ба машом хоҳад расид. Масалан, менависад рӯзнома, ҷӯробҳое харида метавонед, ки ҳамеша аз онҳо бӯйи гули садбарг хоҳад омад. Ва ё таҳпӯшакҳое ки доимо бӯйи райҳону арча аз онҳо ба атроф паҳн хоҳад шуд. Ин нашрия дар идома хабари худ навишт, бар замми ҳамаи ин сарулибосе ба фурӯш мебарояд, ки бо бӯйи махсуси худ пашшаву магасро аз кас ба дур хоҳанд ронд. Ин бӯй имкон нахоҳад дод, ки ҳашарот ба чунин сарулибос наздик шавад ва ё миттаву кана ба он часпанд.
Чунин кашфиёт дар натиҷаи ҳамкории ширкатҳои мушку абири Гюест Интенашнл (Guest International) ва Вулмарки (Woolmark) Бритониё ба даст омадааст. Кашшофони ин ду ширкат ҳамчунин мехоҳанд, либоси варзишии тавлид кунанд, ки ҳамеша одамро дар ҳарорати мӯътадил нигаҳ дорад ва ба арақ кардани бадани инсон роҳ надиҳад.
Ҳоло ихтироъкорон кӯшиш доранд, роҳои дарозмуддат нигоҳ доштани бӯйҳои хушу форам дар сарулибосро пайдо кунанд, зеро таъсири атру накҳате ки пошида мешавад, баъд аз як муддати муайян аз байн меравад.
Кашфиётҳои тоза ба ду ширкати мушк имкон медиҳанд, дар рақобатҳои сахти бозор пирӯз шаванд.
XS
SM
MD
LG