Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи байнулмилалии сулҳ дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Душанбе бо ширкати мақомоти Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои байнулмилал ва сафоратҳои хориҷии муқими Душанбе маросими вижае ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сулҳ доир шуд. Ин нишаст бо ибикори Дафтари таҳкими сулҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар оғози он паёми Дабири кули СММ Кофи Анон нашр шуд ва сипас муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни табрик гуфтани ҳозирин ба ин руз аз саҳми СММ дар истиқрори сулҳи Тоҷикистон тақдир кард. Вай гуфт, мафҳуми "сулҳ" барои тоҷикон на танҳо бегона нест, балки "он дастоварди бузурги мо ва заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ дар Тоҷикистон мебошад."
Владимир Сотиров, намояндаи Дабири кули СММ дар Тоҷикистон гуфт,23 соли пеш ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ Рӯзи байнулмилалии сулҳ эълон шуда, вале дар соли 2000-ум 190 кишвари узв раъй доданд, ки 21-уми сентябри ҳар сол бояд тамомии ҷангҳо мутаваққиф шаванд. Сотиров ҳамчунин аз амалӣ шудани барномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба унвони як намунаи боризи сулҳофаринӣ ёд кард ва гуфт Тоҷикистон бо сипарӣ шудани 8 сол аз қатъи ҷанг ба пешрафти зиёде дар заминаҳои мухталиф даст ёфтаааст.
Раҳматкарими Давлат, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG