Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи гурӯҳи бонувони дуторнавоз


Қурбони Қурбониён, устоди консерваторияи миллии Тоҷикистон ва муассиси ин гурӯҳ мегӯяд, дар аввал ин гурӯҳ дар асоси муҳасиллини мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова таъсис шуд, аммо баъдан духтарони дуторнавози коллеҷи ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва консерваторияи милли Тоҷикистон ҳам ба он пайвастанд. Синни духтарони дуторнавоз аз 14 то 30 соларо ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ ба ин намуди асбоби мусиқӣ шавқу раёбати зиёде доранд.

Қурбони Қурбониён мегӯяд, вазорати фарханги кишвар ташкили чунин гурӯҳро дастгирӣ намуд. Барои навозандагон аз шаҳри Тошканди Ӯзбакистон дутор фармоиш дода шуд. Аммо боз ҳам то ҳанӯз чанд мушкили дигар мавҷуд будааст. Аз ҷумла, дуторнавозон бояд ҳамарӯза ҳатман чанд соат тамрини мусиқӣ намоянд, аммо набуди бинои махсус барои машқи духтарон халал эҷод мекунад.

«Тибқи соати муқарраршуда мо бояд дар як ҳафта хамагӣ 2 соат машқ кунем, аммо дар асл бояд дар як рӯз на камтар аз 3 ё 4 соат машқ намуд. Танҳо дар ин ҳолат метавон ба як сатҳи муайян расид.»

Дар ин зимн, Қобиламоҳ Камолова, сарвари мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова мегӯяд, ташкили дубораи гурӯҳи бонувони дуторнавоз дар Тоҷикистон ниҳоят муҳим буд ва мактаби онҳо омода аст, ҳамасола барои ин гурӯҳ мутахассисони дуторнавозро омода намояд:

«Феълан, мо 10 - 12 нафар дуторнавоз дорем, аммо аз онҳо ба малакае, ки тавонанд, дар барномаҳои консертии ҳукуматӣ ширкат намоянд, 7 кас аст.»

Аз нигоҳи аввал, навохтани дутору думбра осон менамояд, аммо дар асл дуторнавози касбӣ шудан кори саҳл набудааст. Зеро ба гуфти Гулрухсор Ёрова, яке аз навозандагони ин гурӯҳ, дуторнавозӣ ангуштони дарози серҳаракат ва иродаи қавиро талаб мекунад.

«Дар аввал хеле душвор аст, лекин пас аз он ки асарро хуб аз худ намудем, осонтар мешавад. Барои мо айни ҳол асарҳои бастакорони тоҷик намерасад. Барои ҳамин, маҷбур мешавем, оҳангҳои ӯзбакиро навозем, ки дар он чидарез, чидазарб ва рез зиёд аст.»

Агарчи Гулрухсор дуторнавозиро дар мактаби мусиқии Малика Собирова омӯхта бошад, мусоҳиби дигари ман, Меҳринигори Баҳроми 12 сола навохтани ин асбоби мусиқиро худомӯзӣ кардааст.

«Вақте ки ман хурд будам, дуторнавозиро машқ мекардам, худам мусиқӣ тайёр мекардам. Аз сабтҳо навохтани бобоямро гӯш мекардаму аз ӯ меомӯхтам.»

То кунун гурӯҳи тозатаъсиси бонувони дуторнавоз бо барномаҳои худ дар якчанд чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намудааст.
XS
SM
MD
LG