Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Асрори рӯйдодҳои Андиҷон


Дар ҳоле ки муҳокимаи айбдоршавандагони фоҷиаи Андиҷон дар додгоҳи Ӯзбакистон оғоз ёфтааст, Созмонҳои дидбони ҳуқуқи башар ва хабарнигорони Ғарб гузоришҳои нави худро бо пажӯҳиши ин рӯйдод ва паёмадҳои он нашр карданд.

Дар гузориши худ гуруҳи Дидбони ҳуқуқи башар "Ҳюман Райтс Вотч" навишт, бо ҳадафи пинҳон кардани ҳақиқати куштори ҷамъии садҳо афроди эътирозгар дар Андиҷон ҳукумати Ӯзбакистон фишор болои мардумро шурӯъ кардааст. Ин созмон дар гузориши 73-саҳифагии худ таҳти унвони "Ба хок супурдани ҳақиқат: Ӯзбакистон қиссаи қатли оми Андиҷонро бознависӣ мекунад" - навиштааст, полиси Ӯзбакистон ба хотири, ба истилоҳ, таҳқиқи он рӯйдодҳо, беш аз 4,5 ҳазор нафарро аз шумули наздикону хешу ақрабои эътирозгарон ва шоҳидон боздошт намудааст.
Александр Петров, муовини раҳбари намояндагии "Ҳюман Райтс Вотч" дар Маскав ва яке аз муаллифони гузориши мазкур ба радиои Озодӣ чунин гуфт: "Ҳукумат алайҳи хабарнигорони мустақил, фаъолони ҳуқуқи башар ва дигар аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза эълон кардааст. Онҳо кушиш мекунанд, ки аз фошшавии ҳақиқати руйдодҳои Андиҷон дар чашми ҷомеаи байнулмилалӣ ҷилавгирӣ намоянд. Дар гузориши мазкур ҳодисаҳои ҳаррузаи азияту озори сокинони Андиҷон, фаъолони сиёсӣ, раҳбарони нируҳои мухолифине тасвир мешавад, ки дар Тошканду Ҷиззах ва дигар шаҳрҳои Ӯзбакистон ба сар мебаранд"
Созмони дигари ҳуқуқи башар Афви байнулмилал ё Amnesty International бо таъйиди ин гуфтаҳо дар гузориши тозанашри худ мегуяд, ҳукумати Ӯзбакистон як амалиёти ваҳшатноки хушунат ва таҳдидро ба роҳ мондааст. Мейси Вайшердинг, як муҳаққиқи рӯйдодҳои Андиҷон аз Афви байнулмилал мегӯяд:
"Ҳукумат сарсахтона кушиш мекунад, роҷеъ ба руйдодҳои Андиҷон ба мардум шарҳи худро таҳмил намояд ва пеши онҳоеро мегирад, ки мекушанд оид ба он ҳаводис ҳақиқати ҳолро бигуянд. Онҳо ҳақиқатро рӯйпӯш мекунанд"
Гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башар Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаро дар он муттаҳам мекунанд, ки онҳо аз халалёбии равобиташон бо Узбакистон меҳаросанд. Александр Петров аз созмони Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд:
"Дар моҳи июн Иттиҳоди Аврупо ваъда дода буд, дар сурате ки ҳукумати Узбакистон ба роҳёбии камиссиюни мустақили таҳқиқи рӯйдодҳои 13-уми майи Андиҷон иҷозат надиҳад, созишномаи ҳамкориҳои миёни Ӯзбакистонро ба таъвиқ хоҳад андохт. Мутаассифона, феълан чунин ба назар мерасад, ки Иттиҳоди Аврупо дар андешаи ба ҷо овардани ваъдаи худ нест. Сеюми октябри соли ҷорӣ ин масъала дубора дар нишасти Иттиҳоди Аврупо ба баррасӣ гирифта мешавад"
Дар сурате, ки ҳукумати Ӯзбакистон рафтори худро тағйир надиҳад ва дар ин масъала ҳама гуна ҳамкориҳо бо ҷомеаи байнулмилал ва созмонҳои мудофейи ҳуқуқи башарро низ қатъ намояд, иқдоми шумо аз чӣ иборат хоҳад шуд, мепурсам аз Александр Петров, муовини раиси дафтари намояндагии Ҳюман Райтс Вотч дар Маскав. Ӯ гуфт: "Дар сурате, ки ҳукумати Ӯзбакистон фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии Ӯзбакистонро идома диҳад ва ҷомеаи байнулмилалӣ таҳқиқи руйдодҳои Андиҷон ва инчунин пажуҳиши амалкарди артишро дар таърихи 13-уми май тақозо накунад, мо фишор болои Ӯзбакистонро идома медиҳем ва аз Иттиҳоди Аврупо тақозо мекунем, то алайҳи Ӯзбакистон таҳримҳо ҷорӣ намояд"
Дар ҳамин ҳол, нашрияҳои чопи Ғарб, ки аз шурӯъи кори додгоҳи муттаҳамони ошӯбҳои Андиҷон хабар додаанд, менависанд, бо вуҷуди сард шудани равобити миёни Ғарбу Ӯзбакистон баъди руйдодҳои Андиҷон ва талаби берун шудани пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз қаламрави Ӯзбакистон - Вашингтон ба хотири манфиатҳои стратегии худ намехоҳад бо ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ вориди низоъ шавад. Дар чунин шароит, навиштааст нашрияи "Таймс", Тошканд дар симои Маскаву Пекин пуштибон ва шарики худро пайдо намуд. Чин ва Русия аз давлатҳое буданд, ки дар пайи рӯйдодҳои Андиҷон аз ҳукумати Ислом Каримов дифоъ намуданд. Муҷозоте, ки ба андешаи созмонҳои Афви Байнулмилал ва Дидбони ҳуқуқи башар метавонад дар роҳи ислоҳи рафтори Тошканд таъсир расонанд, ин аст, ки Вашингтон ва Брюссел бояд алайҳи Ӯзбакистон таҳримҳо ҷорӣ намоянд, аз ҷумла таҳрими хариду фурӯши аслиҳа ва додани раводиди сафар ба мақомоти расмии ин кишвар.
XS
SM
MD
LG