Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози размоишҳо дар Ҷиргатол


Дар ноҳияи Ҷиргатол, шарқи Тоҷикистон размоишҳои зиддитеррористии вазоратҳои қудратӣ оғоз ёфт, ки се рӯз идома карда, интизор меравад, марҳилаи охирини онҳо дар ҳузури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ҷараён гирад.
Барои ширкат дар тамринҳои густарда тайи ду ҳафтаи гузашта ҷузвутомҳои артиши миллӣ, вазоратҳои амният ва корҳои дохилӣ ва гурӯҳҳои амали фаврии нирӯҳои марзбон ба ин минтақа интиқол дода шуданд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон вазифаи асосии тамринҳо аз санҷиши ҳамоҳангӣ ва ҳамкории чаҳорҷониба дар таҳия ва баргузории амалиёти муштаракест, ки бояд дар рафти он гурӯҳҳои террористии хориҷӣ мағлуб карда шаванд.
Ин минтақа дар ҳамсоягӣ бо вилояти Уши Қирғизистон қарор дорад, ки яке аз марказҳои инқилоби рангаи ин кишвар буд. Ва ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, пас аз боздошти гурӯҳе аз тарафдорони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар шаҳри Душанбе, бо истифода аз маълумоти боздоштшудагон дар ин ҷо махфигоҳи калони силоҳ ва муҳимоти ҷангиро кашф карданд.
Ноҳияи Ҷиргатол дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои бархӯрди нирӯҳои ҳукумат ва оппозисюн низ буд.
XS
SM
MD
LG