Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёи Исфара моли кист?




ДАРЁ МОЛИ КИСТ?

Ва аммо дарёи Исфара моли кист? Тошмад Назиров - узви комиссияи давлатии аломатгузории марз мегӯяд, ин ва боқӣ дарёҳо дар Осиёи Марказӣ аз кадом кишваре, ки убур мекунанд, моли ҳамон давлатанд: «Дарё молики ягона надорад. Аз кадом кишваре ки гузарад, моли ҳамон кишвар маҳсуб меравад. Аз ҳудуди ин кишвар гузашт, боз моли дигар кишвар мешавад»

ОБРО МЕШАВАД ФУРӮХТ?

Вале Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар ин маврид, оби дарёҳо, ки аз мавзеъи кӯҳманзари Тоҷикистон мешоранд, моли Тоҷикистонанд. Тоҳири Абдуҷаббор меафзояд, об ҳам сарвати табиӣ аст ва дар сурати доштани обанборҳо метавон онро пул кард: «Замоне хоҳад расид, ки қиммати об болотар аз қиммати нафт хоҳад шуд! Об ҳам пул аст, яъне манбаъи табиӣ аст ва қобили хариду фурӯш аст. Ва ҳамон туре, ки мо медонем дар бештари кишварҳои урупоӣ обро мехаранд, аз кишварҳои Скондиновиё мехаранд оби ошомиданиро. Дар кишварҳои Шарқ ва Африқо ин мавзӯъ бисёр мавзӯъи доғ аст»

Мусоҳиби ман меафзояд, бархе аз ҳамсоякишварҳо дар ин самт аз корҳои назаррас кор гирифтаанд: «Аз ин хотир қирғизҳо мехостанд обро тарзе танзим кунанд, ки дар муқобили гози ӯзбакӣ оби худро ба Ӯзбакистон бифрӯшанд»

ВАЛЕ САНАДЕ НЕСТ?

Аз Ҳикматулло Насриддинов, вазири оби вақт, ки ҳамакнун бознишаста аст, мепурсам, ки барои фурӯши об ҳамчун як сарвати табиӣ чи намерасад. Ӯ мегӯяд: «Ягон санад ва ҳуҷҷат барои фурӯши об ба тасвиб нарасидааст ва оби моро бе пулу бе ҳеҷ чизе ба дигарон медиҳанд»

ФУРӮШИ ОБ - ҲАЛЛИ МУШКИЛИ ОБХЕЗӢ?

Сироҷиддин Муллоев, раиси ситоди вазорати изтирорӣ мегӯяд, дар сурати фурӯши об шояд мушкили обхезии ҳамасола дар дарёи Омӯ рафъ гардад. Аз сӯи дигар, ба иттилоъи Ҳикматулло Насриддинов захоири даҳҳо миллард метрии муккааб оби ошомиданӣ ба афзоиши теъдоди нирӯгоҳҳои барқӣ - обӣ мусоидат мекунад:
«Барои обро нигоҳ доштан обанборҳои зиёд сохтан даркор. ГЭСи Роғун сохтан даркор, ки 14 миллиард метрии мукааб об ҷамъ мешавад. ГЭСи Норакро поккорӣ кунанд, дар он боз 10, 5 миллиард кубометр оби ҷамъ мекунем. Хайр мо дарёи Панҷро ҷамъ карда наметавонем, лекин оби Вахшро метавон захира кард. Агар мо ин корро кунем, мо метавонем ҳамчун қирғизҳо ин сарвати табииро бар ивази сарвати табии зерзаминии Ӯзабкистон - газ пешниҳод кунем.»

ВА БОЗ...

Аз ҷониби дигар, барои тақсими оби Тоҷикистон дар вилояти Суғд идораи байнидавлатии хоҷагии истифодабарии оби Сирдарё ҳаст. Ва аммо ин идора дар тармими соҳилҳо даст надорад. Вазъи бо об таъмин кардани кишоварзӣ ва табааи кишварҳо дар Осиёи Марказӣ печида мегардад. Ба гунаи мисол, ҳатто дар ҳудуди Тоҷикистон, ки танҳо дар таркиби пиряхҳои Помиру Зарафшон 500 километр ва дар дарёҳо 115 млрд метрии мукааб об дорад, ҳазорҳо нафар ба азоби алимӣ беобӣ гирифтор будаанд. Чӣ расад ба кишварҳое, ки захоири табиии об надоранд.

Коршиносон мегӯянд, аз дарёи Исфара садсолаҳо мардуми кишварҳои ҳаммарз истифода кардаанд ва мекунанд ва матраҳ кардани мушкили об бо ҳамсоякишварҳо маънои аз об бенасиб мондани онҳоро надорад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Муллоев, танҳо дар мавриди истифода аз 50 миллиард метри мукааб оби Омӯ ва дарёфти маблағ метавон ин рӯдхонаро таҳти назорат қарор дод. Ба шаҳодати Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси дигар бе маблағи ҳангуфт аз селҳо, баландравии сатҳи об дар Омӯ ва соири дарёҳои кӯҳӣ, ки ҳамасола миллионҳо сомонӣ зарар меоранд, наметавон ҷилавгир шуд. Ҳикматулло Насриддинов мегӯяд, танҳо дар сурати рӯи кор овардани як барномаи мушаххаси давлатӣ дар мавриди обҳои ошомиданӣ метавон мушкили обро дар ҳудуди Тоҷикистон ва кишварҳои обгири ҳамсоя ҳаллу фасл кард.


Об - ганҷи равони Тоҷикистон!
XS
SM
MD
LG