Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Талбак Назаров дар Созмони Милал


Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар нишасти Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ба ҷуз аз Созмони Милал ҳеҷ ниҳоди дигаре наметавонад, талошҳоро барои рафъи мушкилоти инсоният ҳамоҳанг созад.
Талбак Назаров ҳангоми суханронии дирӯзаи худ чун дигар кишварҳои дунё ба зарурати ислоҳоти фаврӣ ва тақвияти Созмони Милал ва ниҳодҳои вобастаи он таъкид кард. Ӯ гуфт, Созмони Милали таҷдидшуда бояд тавонову қодир бошад, ки ба ҳар ҳаводису рӯйдоди ҷаҳон зуд вокуниш нишон диҳад ва ба ҳар таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ муқобила кунад.
Талбак Назаров ҳамчунин аз мушкилоти дохилии Тоҷикистон сухан ронд ва гуфт: "Дар марҳилаи ҳозира Тоҷикистон зери бори гарони қарз мебошад ва соли равон ҳаҷми қарзҳои хориҷии он беш аз 40 дар сади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ин бор чун пештара суботи макроиқтисодии кишвар ва барномаҳои рушди онро зери хатар мегузорад."
Масъалаи дигаре, ки вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба он ишора намуд, ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи босамари онҳо буд. Вай гуфт, дар сурати истифодаи муаасири захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, метавон камбизоатӣ дар ин кишварро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, комиссияи навтаъсиси Созмони Милал дар умури ҳалли низоъҳо бояд вазъияти Афғонистонро, ки раванди мусолиҳаи он пайваста зери хатар аст, баррасӣ намояд. Вай ҳушдор дод, боқимондаҳои Толибон ва ҳампаймони онҳо Ал-қоида аз нав сар мебардоранд ва саъй доранд, то инфраструктураи террорро дар он кишвар барқарор кунанд. Ба қавли вазири тоҷик, иқдомҳои зиддиҳукуматӣ дар Афғонистон ҳам ба амнияти ин кишвар ва ҳам амнияти минтақа таҳдид мекунад ва ин падидаҳо дахолати ҷомеаи байналмилалиро тақозо доранд.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG