Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби "Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон" чӣ ҳадаф дорад?


Олим Бобоев, раиси ҳизби «Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии ин ҳизб коҳиши мизони фақр, танзими дурусти хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, аксари аҳолии кишвар бояд соҳиби моликияти ғайриманқул бошанд, зеро ба қавли вай, ҳар қадар дороии аҳолӣ бештар шавад, ҳукумат низ барои таҳкими барномаҳои ҷамъиятӣ имконоти васеъ пайдо мекунад. Раиси муваққати Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мегӯяд, ҳамзамон, дар самти идораи мақомоти иқтисодӣ бояд дигаргуниҳо ворид шаванд. Ҷаноби Бобоев дар ин робита бо интиқод аз фаъолияти феълии вазороти иқтисодии кишвар гуфт:

"Ман қонеъ нестам аз он фаъолияте, ки имрӯз сохторҳои идораи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба амал меоранд. Чунки ин ҷо такрор иҷрои бисёр масъалаҳо ҳаст, баъзе дастурҳо ба ҳамдигар мухолиф ҳастанд. Ҳамин чизҳо як монеа дар роҳи ҳаллу фасли оперативии масъалаҳои инкишофи иқтисодӣ мегардад. Сохтори идораи иқтисодии давлат як соддакуниро талаб мекунад. Бисёр функсияҳои вазоратҳое, ки марказонида шудаанд, бояд ба функсияи бозор гузаронида шавад. Баъзе вазоратҳое ҳастанд, ки ҳам функсияи идоракунӣ ва ҳам вазифаи хоҷагидориро иҷро мекунанд. Функсияҳои хоҷагидориро мо бояд пурра боварӣ карда супорем, идораи давлатӣ - вазоратҳо бояд фақат танзими давлатии иқтисодиётро ба роҳ монанд."

Ҷаноби Бобоев мегӯяд, анҷумани таъсисотии ҳизб 19-уми сентябр баргузор шуд. Зимнан ҷонибдорони ин ташаккули сиёсӣ аз кулли манотиқи кишвар оинномаи ҳизб ва раҳбарияти онро тасдиқ ва интихоб намуданд. Вай мегӯяд, тайи ҳафтаи равон ҳамаи асноди лозимаи ҳизб ҷиҳати сабтином ба вазорати адлияи кишвар пешниҳод хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, айни замон беш аз ҳазор нафар аз тарафдорӣ ба ин ҳизб изҳор доштаанд ва аксари афроди ҷонибдори ин ҳизбро ҷавонони таҳсилкарда, донишомӯзон ва олимони ҷавон ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG